Гули аждар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Гули аждар», аждаҳонусха, аждарҳо — навъи ороиш, ки шакли даҳони кушодаи махлуқоти воқеию афсонаӣ, аз ҷумла шер ё аждарро дорад.

Дар адабиёти хаттӣ доир ба ҳунарҳои бадеӣ (рисолаҳо доир ба хатту наққошӣ) «Гули аждар»-ро аз ороишоти муҳим ба қалам овардаанд. Ба нақшунигори «Гули аждар» на танҳо гул, балки нусхаҳое, ки шакли мор, аждар, калтакалос, тимсоҳ, шер ва ғайраро доранд, мансубанд. Дар бисёр халқҳо образи аждар рамзи некӣ ва бадист. Нақши аждарҳое, ки дар даромадгоҳи баъзе қасрҳо кашида шудаанд, дар адабиёти хаттӣ ва назди мардум чун рамзи амнияту оромии оила ва мамлакат пазируфта шудаанд. Дар осори тамаддуни моддӣ, бахусус, деворнигораҳои Тахти Ҷамшед, Афросиёб, Истаравшан, Панҷакенту Варахша аждар дар шакли мор, палангҳои болдор ва махлуқоти даҳшатангез акс ёфтааст. Ҳунармандон бо нақши аждар бештар дастаҳои маснуоти мисии кандакоришударо оро медоданд. Дар гулдӯзиҳои тоҷикони Нурато (асри 19) тимсоҳ ё ҳазорпо акс шудааст. Дар гулдӯзии имрӯза аждар якҷо бо наботот ё одам инъикос меёбад. Дар деҳоти тоҷикнишини Нурато муҷассама — фаввораҳо дар шакли шер ва наҳанг мавҷуданд, ки мардум онҳоро «аждар» меноманд.

Ҳунармандони мардумӣ дар ҷараёни таҳияи ороиши «Гули аждар» барои рангомезтару таъсиргузортар шудан аз рангу риштаҳои мутанаввӯъ истифода карда, ба сохтори банду басти тасвирии он ҳам таваҷҷуҳи хосса медодаанд. Ҳоло тоҷикон образи аждарро дар шакли бодом, бо сари пайконшакл ва се панҷаи нохунтез (дар атрофаш чор аждарчаи тези бодомшакл) гулдӯзӣ мекунанд. Мазмуни бандубасти он чунин аст: соҳибхона гӯё бо ин худро аз бадбахтиву фалокатҳое, ки ҷину аҷинаҳо оварда метавонанд, наҷот медиҳад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Белинская Н. Декоративное искусство горного Таджикистана (текстиль). Д., 1965;
  • Юнусова Н. Декоративная вышивка Ура-Тюбе к XIX-нач. XX в.// Из. АН Таджикской ССР. Д., 1969;
  • Ҳамон. Гулдӯзии тоҷикӣ. М., 1979;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Рузиев М. Декоративно-прикладноеи искусство таджиков. Д., 2003.