Jump to content

Гули беор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гули беор
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Portulaca grandiflora Hook.

Гули беор, гули ноз (лот. Portulaca grandiflora) — гиёҳе гулдор дар хонаводаи хурфаиён, бумии Аргентина, Уругвай ва ҷануби Бразилия аст.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гиёҳи яксола буда, соқаи сабзранги сероб ва ғафс дорад. Аз 10 то 15 см қад мекашад. Баргаш майда (қутраш 3-5 см), серобу сершира. Шукуфааш сурх, гулобӣ, сафед, зард, норанҷӣ; дар нӯги поя ҷойгир аст. Гули беор ғӯзамеваи сертухм дорад; тухмаш хокистарранг, майдаи ҷилодор (вазни 10-13 ҳазор донааш 1 г), то 3-4 сол қобили неш задан аст. Гули беор асосан аз тухму қаламча месабзад. Рустании рӯшноипарвар аст; гулаш дар рӯз боз ва дар шаб ғунча мешавад. Ватани гули беор Бразилия, Уругвай ва Аргентина аст. Онро дар Тоҷикистон аз соли 1939 мепарваранд. Баҳри сабзкорӣ ва ороиши гулгашту хиёбонҳо аҳаммияти бузург дорад. Тухмашро моҳи апрел мекоранд. Тухмӣ баъди 10-15 рӯз неш мезанад. Ба нуриҳои органикӣ эҳтиёҷ надорад. Гули беор дар шароити иқлими Тоҷикистон аз аввали тобистон то оғози зимистон нашъунамо мекунад. Бо мақсади хушрангу зебо шудани маҳал навъҳои шукуфаашон гуногуни гули беорро якҷо мекоранд. Гоҳо гулзор фақат аз як навъи гули беор барпо карда мешавад. Гули беорро дар тубак низ парвариш мекунанд. Барои ҳаворо аз газҳои заҳрнок тоза кардан манфиат дорад.

  • Цветоводство Таджикистана. Д., 1965;
  • Растения для декоративного садоводства Таджикистана. М., 1986;
  • Александрова М. С., Крестникова А. Д. Озеленение балконов: справочное пособие. М., 1991;
  • Чухно Т. Жизнь растений: новейшая ботаническая энциклопедия. М., 2005.