Гули бобуна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гули бобуна
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Leucanthemum Mill.
Типовой вид
Leucanthemum vulgare Lam., 1779

Гули бобуна, бобунаи боғӣ, гули мино (лот. Leucánthemum) — рустании бисёрсола, аз оилаи мураккабгулҳо.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояаш рости камшох (аз 10 см то 2 м қад мекашад), баргаш яклухт ё паршакл, хӯшагулаш сабадак, гулбаргҳояш забоншакл. Зоҳиран ба бобуна монанд аст, вале шукуфаи калон дорад. Дар дунё зиёда аз 20 намуди гули бобуна мавҷуд аст. Дар минтақаҳои Аврупои Миёна ва Ҷанубӣ, Қрим, кишварҳои ИДМ вомехӯрад. Гули бобуна рустании офтобдӯст буда, дар ҷойҳои намнок, гилхок, марғзор, буттазор, инчунин дар ғаллазорҳо мерӯяд. Дар Тоҷикистон чанд навъи гули бобуна — L. vulgare var. grandifolium, L. maximum, L. superbum-ро барои гулпарварӣ истифода мебаранд. Навъҳои «Аляска», «Бери-Кристалл», «Майфелд» дар Боғи ботаникии Душанбе аз санҷиш гузашта, барои парвариш тавсия дода шудаанд. Гули бобуна аз тухм, қаламча ва бо роҳи нашвӣ афзоиш меёбад. Тирамоҳ ва баҳорон тухмашро дар офтобрӯя мекоранд; қаламчаашро тирамоҳ мешинонанд. Гули бобуна рустании шифобахш аст. Поя, барг ва гули онро ҳангоми шукуфтан ҷамъ оварда, дар ҷои шамолрас мехушконанд. Нақеъ ва ҷӯшоби баргу пояи гули бобуна барои бемориҳои меъда, чашм, занона, сурфа, табларза, чакмезак ва чун воситаи таскинбахшу зидди киҷасорӣ муфид аст. Гули бобуна аз касалиҳои занбӯруғӣ ва лесакҳо осеб мебинад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Дрягина И. В., Кудрявцев Д. Б. Селекция и семеноводство цветочных культур. М., 1986;
  • Муравьева Д. А. Тропические и субтропические лекарственные растения. М., 1997. А. Ҳалимов.