Гули марворид
Гули марворид | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Bellis.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Bellis perennis L. | ||||||||||||||||
|
Гули марворид, марворидак, минои чаманӣ (лот. Béllis perénnis) — гунае рустании дусола ва бисёрсола.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш кӯтоҳ (10-30 см), баргаш белчашакл, хӯшагулаш сабатак (гулҳои мобайниаш зард, гулҳои канориаш сафед, сурх ё гулобӣ), тухмаш зард, гирдаи майда (вазни 3000 донааш 1 г). Аввалу охири тобистон гул мекунадг. Гулаш сафед, гулобӣ ё сурх. Гули марворид рустании рӯшноидӯст ва сармобардор аст. Аслан аз Аврупо ва Осиёи Хурд мебошад. Навъҳои худрӯи он дар марғзор ва гилзаминҳои Осиёи Марказӣ, Қрим, Қафқоз дучор меоянд. Ду навъи гули марворид (B.p. var. fistulosa, B.p. var. ligulosa) маъмул аст. Бештар навъҳои гулаш сафед («Бетховен»), гулобӣ («Монте Роза») ва сурх («Этна» ва «Титлис»)-и он парвариш карда мешаванд. Дар Тоҷикистон аз аввалҳои феврал ё март то боридани барфи аввал гул мекунад. Тухмаш баъди 7-14 рӯзи кишт рӯйида, гулаш соли 2-3-юм мешукуфад.
Хосиятҳои шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гули марворид хосияти давоӣ дорад. Табибони халқӣ бо хӯшагули он дар мавриди латхӯрӣ, дунбал ва бавосир тарбандӣ мекунанд. Ҷӯшобаи шукуфаашро барои муолиҷаи иллати узвҳои нафаскашӣ, ҷигар, обхӯраву тарбод ва қабзият истифода мебаранд. Барои муолиҷаи бемориҳои пӯст муфид аст. Агар 2 чумча алафи майдакардаи гули марворидро дар як истакон оби ҷӯш 2-3 соат нигоҳ дошта, сипас рӯзе 3 бор 1/3-истаконӣ истеъмол намоянд, ба илтиҳоби рӯдаи ғафс, газаки гурда ва захми меъда шифо мебахшад. Бо ҷӯшоби ширгарми он тарбандӣ кардани банду буғум ба бемориҳои тарбод, артрит, артроз нафъ дорад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гули марворид / М. Ҳоҷиматов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их применение. М., 1974;
- Потопов С. П., Коваль Э. Т., Черных Т. Учебная книга цветовода. М., 1980;
- Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989;
- Тавлинова Г. К. Ранние цветы. СПб., 1990.