Jump to content

Гули товус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гули товус
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Spartium L., 1753
Мутародифот
Единственный вид
Spartium junceum L.

Гули товус (лот. Spartium junceum) — буттаест ҳамешасабз. Мансуби лӯбиёиҳо.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

То 4 м қад мекашад. Навдаҳояш рост, борик, камбарг ё бебарг. Баргаш (дарозиаш 1-2,5 см) майда (аввали тобистон мерезад), бедандона. Гулаш зард (дарозиаш то 2,5 см), зебои хушбӯй; мевааш ғилофак (дарозиаш 5-10 см), сертухм. Гули товус дар навоҳии баҳри Миёназамин ва Аврупои Ҷанубию Ғарбӣ мерӯяд. Онро дар Қафқоз, Қрим, Украина боғӣ кардаанд. Дар Тоҷикистон аз соли 1930 мепарваранд. Барои ороиши кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулбоғ ва аз обшӯй ҳифз намудани талу теппаҳо муҳим аст. Аз тухм ё кӯчат (моҳҳои апрел — май) зиёд карда мешавад. Даври гулшукуфташ моҳҳои апрел — июн аст.

Дар саноат аз гули товус равғани эфир, алкалоидҳо (спартеин, пахикарпин), ранги зарди табиӣ ва нахи бадошт мегиранд. Навдаҳояшро дар сабадбофӣ истифода мебаранд.

  • Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана. Д., 1965;
  • Куреннов И. Энциклопедия лекарственных растений. М., 2012.