Jump to content

Гули тоҷихурӯс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гули тоҷихурӯс
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Celosia cristata

Гули тоҷихурӯс, тоҷихурӯс (лот. Celosia cristata) - рустании яксолаи ороишӣ.

Пояи рости паҳн (баландиаш аз 30 то 100 см), барги дарозрӯя, нештар ё байзашакли сабз ё арғавонӣ, хӯшагули зард, норанҷӣ ё арғавонии махмалгун (тоҷи хурӯсро мемонад) дорад. Гулаш дуҷинса, майдаи зич; тухмаш сиёҳ, ҷилодор. Гули тоҷихурӯс рустании гармӣ, рӯшноӣ ва намипарвард аст. Аз тухмаш зиёд мешавад. Дар Тоҷикистон чанд навъи гули тоҷихурӯс мерӯяд. Давраи кишташ — моҳҳои март — апрел. Масофаи байни ниҳолҳо бояд 20-25 см бошад. Гули тоҷихурӯс аз аввали тобистон то сармои тирамоҳ гул мекунад. Онро дар рӯи ҳавлӣ, қутию тубакҳо, майдону гулгаштҳо ва боғҳои истироҳат мекоранд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Цветоводство в городах и посёлках Таджикистана. Д., 1965;
  • Головкин Б. Н. (ва диг.). Декоративные растения СССР. М., 1986.