Гулмаҳмад Зокиров
Зокиров Гулмаҳмад Нозимович | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 14 ноябр 1959 (65 сол) |
Фазои илмӣ | сиёсатшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Гулмаҳмад Зокиров (Зокиров Гулмаҳмад Нозимович; 14 ноябри 1959) — сиёсатшинос, доктори илмҳои сиёссӣ (1998), профессори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2000).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулмаҳмад Зокиров баъди бо дипломи аъло хатм намудани факултети таърихи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин соли 1983 мувофиқи тақсимоти комиссияи давлатӣ ба кафедраи коммунизми илми ҳамин донишгоҳ ба кор омада, то ин замон дар рушду нумуи илмҳои сиёсӣ заҳмати зиёд кашидааст.
Ӯ баъди хатми аспирантура соли 1988 дар мавзуи «Зудҳаракатии муҳоҷирати аҳолӣ ҳамчун омили баҳамназдикшавии миллату халқиятҳо» дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи номзади илми фалсафа гардидааст. Соли 1990 ба вай унвони дотсентӣ дода шуд. Баъди хатми докторантура соли 1998 дар дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов диссертатсияи докторӣ дар мавзуи «Равандҳои муҳоҷиратӣ ва муносибатҳои миллӣ: масъалаҳои баҳамтаъсиррасонӣ ва махсусияти инкишоф» ҳимоя намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои сиёсӣ гардидааст. Аз соли 2000 профессори кафедраи сиёсатшиносии ДМТ мебошад. Солҳои 1997-2016 мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 2021-2024 Шурои диссертатсионии 6D.КОА-001-ро роҳбарӣ намудааст. [1]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулмаҳмад Зокиров зиёда аз 400 корҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва таълимӣ, аз ҷумла 17 рисолаи илмӣ, 14 китоби дарсӣ, 150 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 60 воситаҳо ва барномаҳои таълимӣ нашр гардонидааст ва бо ҳамин дар пайдоиш ва инкишофи илми сиёсии Тоҷикистон мақоми асосиро дарёфт намудааст. Зери роҳбарии ӯ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 30 нафар рисолаи номзадб ҳимоя намудаанд.
Гулмаҳмад Зокиров аввалин барномаи фанни сиёсатшиносиро таҳия ва нашр намудааст, ки дар ташаккули донишҳои муосири сиёсии Тоҷикистон нақши назаррас ва дар бисёр мавридҳо хосияти муайянкунанда дорад. Ӯ ташаббускори таҳияи аввалин воситаи таълимӣ аз фанни Сиёсатшиносӣ (1992) ва муаллифи аввалин китоби дарсии Сиёсатшиносӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ мебошад. Китоби мазкурро тавассути дархости Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф намуда, соли 1995 ба ихтиёри донишҷӯён вогузор намудааст. Он то соли 2010 дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати китоби ягонаи дарсӣ амал менамуд. Чор нашри китоб, ки бо иловаҳо ва тағйироти зиёд анҷом дода мешуданд, сифати гузориши масъалаҳои сиёсӣ ва дарёфти ҳалли онҳоро комил мегардонид. Китоби мазкур бо хатти форсӣ низ нашр гардидааст. Табиист, ки китоби мазкур майдони баҳс ва талошҳоро дар атрофи низоми нави донишҳои сиёсӣ ташаккул ва рушд дод. Нашри охири "Сиёсатшиносӣ" иборат аз 2 ҷилд (2019) донишҳои сиёсиро рушд доданд.
Солҳои минбаъда аз ҷониби профессор Гулмаҳмад Зокиров як зумра китобҳои дарсӣ ҳам барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва ҳам барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ омода гардиданд. Ӯ китоби дарсии «Моҷарошиносӣ» (2001), «Геополитика» (2009), «Таърихи таълимоти сиёсӣ»-ро (2010), "Сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ" (2024) низ ба ихтиёри донишҷӯён гузоштааст. Вай муҳаррири масъул ва яке аз муаллифони китоби дарсии «Инсон ва ҷомеа» (2000, 2004) барои хонандагони синфҳои 10 — 11-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.
Дар фаъолияти илмию таҳқиқотӣ профессор Гулмаҳмад Зокиров амали зиёде анҷом додааст. Мавзуи асосии таҳқиқоти ӯро масъалаҳои ҳокимияти сиёсӣ, инкишофи назария ва амалияи давлат, масъалаҳои сиёсии муҳоҷирати аҳолӣ, инкишофи муносибатҳои умумиятҳои миллию этнополитикӣ, сохтор ва муносибатҳои давлатдорӣ, масъалаҳои ҷомеаи демократӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, масъалаҳои сиёсии инкишофи олами муосир, бахусус, таҳдиду муқовиматҳо ва моҷароҳои сиёсӣ ва инчунин дарёфти роҳу воситаҳои ҳалли онҳо ташкил медиҳанд.
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Хосиятҳои миллии муҳоҷирати аҳолӣ» (1990);
- «Илм дар бораи сиёсат» (1993);
- «Ҳунари роҳбарӣ ва суннатҳои давлатдорӣ» (бо ҳаммуаллифӣ) (1994);
- «Масъалаҳои миллию сиёсии муҳоҷирати аҳолӣ дар Тоҷикистон» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) (1995);
- «Демократия ва ҷомеаи демократӣ» (1995);
- «Бозсозӣ ва масъалаҳои сиёсии инкишофи муносибатҳои миллӣ» (1989);
- «Интихобот ва системаҳои интихоботӣ» (2000);
- «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» (2001);
- «Раванди сиёсӣ» (2001);
- «Терроризм» (2004);
- «Коррупсия» (2005);
- «Истиқлоли сиёсӣ» (2002, 2006);
- «Идеологияи сиёсӣ» (2008);
- «Манфиатҳои миллӣ-омили меҳварии рушди давлатдорӣ» (2008), (ҳаммуаллиф);
- «Системаи сиёсӣ: масъалаҳои рӯз ва дурнамои инкишоф» (2011);
- «Давлат». қисми I. Д., 2012;
- «Ҳокимияти сиёсӣ: тавоноӣ, тақсимот ва самаранокии он» (2013);
- "Донишномаи сиёсӣ" (2007; 2015. Ҷ. 1,2,3);
- «Минтақаи кӯҳистон (Таҳқиқоти геополитикӣ)» (2016);
- «Минтақаи Кӯҳистон» ҳамчун доктринаи геополитикии инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (2017);
- «Зӯроварии сиёсӣ» (2018);
- «Давлати тавоно» (2018);
- «Хуросони Бузург» (Доктринаи геополитикӣ) (2021).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ . — С. Зиндагинома.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- "Зокиров Гулмаҳмад Нозимович/Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷ. 7. С. 310;
- Мактаби илмии Г.Зокиров // 25 зинаи камолот. Д., 2017. С. 394—396;
- Шишаи номуси миллат дар бағал дорем мо// Асозода С. Чароғи дил. 2020. С. 213-218;
- Ситораи саъд // Паёми Душанбе, 2005, 16 дек.;
- Даргоҳи илму хирад. Д., 1998. С.56-57;
- Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Д., 2008. С.108;
- Маҳмадов А. Донишномаи мухтасари сиёсӣ. Д., 2016. С. 95-97;
- Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (марҳалаҳои асосии таърихӣ). Д., 2008. С.304-318;
- М.Саидӣ. Мавлуд муборак!//Сипоснома. Д., 2014. С.20;
- Ҳакимов Р.М., Ҳусайнов А.Қ. Геополитика. Д., 2017. С.283-292.