Гулмуҳаммади Самарқандӣ
Зоҳир
Гулмуҳаммади Самарқандӣ (форсӣ: گلمحمد سمرقندی) — аз мусаввирони нимаи аввали асри 17.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар дарбори Ҷаҳонгир ва Шоҳиҷаҳон хидмат кардааст. Расмҳои нафису ҷозибадор офаридааст. Тасвирҳояш бо гуногунии мавзӯъ ва услуб аз доираи мавзӯъҳои хосси шарқӣ берун рафтаанд. Мусаввараи «Зане дар либоси испониёӣ» намунае аз онҳост, ки ба услуби портреткашии аврупоӣ наздик аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулмуҳаммади Самарқандӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.