Гулоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Коргхонаи истеҳсоли гулоб дар Кошон

Гулоб (форсӣ: گلاب) — об муаттари як навъ гули садбарг, ки ба воситаи анбиқ (асбоби арақкашӣ) ҳосил мекунанд, ҳамчун атриёт ва давои қуввати дил ва дафъкунандаи хафақон, молихӯлиё ва дигар касалиҳо ба кор меравад ё ба таому нӯшобаҳо ҳам онро омехта истеъмол мекунанд.

« Аблаҳонро ҳама шарбат зи гулобу қанд аст,
Қути доно ҳама аз хуни ҷигар мебинам.
»
« Савдо димоғи сӯхтаатро илоҷ нест,
Ҷуз он ки дар баҳор хӯрӣ бо гулоб об.
»

Манбаъ[вироиш]

Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А — О./Дар зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р.Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ. — Москва 1969, — c. 285