Гулобии сабз
Зоҳир
Гулобии сабз — навъи харбузаи дерпаз. Асосан дар вилояти Суғд, водиҳои Вахшу Ҳисор ва Зарафшон мепарваранд.
Харбузаи тухмшакл аст; дарозиаш 24-30 см, вазнаш 3-4 кг. Пӯсташ сахт, зарди сабзтоб, тӯрдор. Мағзаш сафед (ғафсиаш 5-6 см), хуштаъм, сершираву ширин; 9-12 % қанд (аз ҷумла 7,5-7,9 % сахароза) ва 10,5-12,7 % моддаҳои хушк дорад. Тухмпаллааш ҳаҷман миёна, тухмаш калони зардча, дарозрӯяи нӯгтез. Даври нашваш 130—140 рӯз. Аз ҳар га 250—360 сентнер ҳосил медиҳад. Барои ба ҷойҳои дур кашондан ва нигоҳ доштан (то моҳҳои март-апрел) мувофиқ аст. Бештар аз касалии пажмурдашавӣ ва ширинча зарар мебинад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулобии сабз // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Дастури полизкор. Д., 1987.