Jump to content

Гулобии сафед

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулобии сафед — навъи харбузаи дерпаз. Дар вилояти Суғд, водиҳои Вахшу Ҳисор ва Зарафшон мепарваранд.

Харбузаи байзашакл аст; вазнаш 4-7 кг. Пӯсташ ҳамвор, сабзи сафедтоб, гирди думчааш сабзи баланд, қисман тӯрдор. Мағзаш сафеди ғафс (5-6 см), хуштаъм, сершираву гуворо; дар таркибаш 10-11 % қанд мавҷуд аст. Тухмаш калони зардча. Даври нашваш 85-90 рӯз. Аз ҳар га 220—300 сентнер ҳосил мегиранд. Барои ба ҷойҳои дур кашондан ва дер нигоҳ доштан (то март — апрел) мувофиқ аст. Аз касалиҳои пажмурдашавии фузариозӣ ва гарда зарар мебинад.

  • Дастури полизкор. Д., 1987.