Гулобии сиёҳ
Зоҳир
Гулобии сиёҳ — навъи харбузаи дерпаз. Дар вилояти Суғд, водиҳои Вахшу Ҳисор ва Зарафшон мепарваранд.
Харбузаи байзашакл ё устувонашакл аст; дарозиаш 34-55 см, вазнаш 4,5-6 кг. Пӯсташ сахт, рангаш сабзи сиёҳтоб, бенақш, назди думчааш тӯрдор. Мағзаш сафед (ғафсиаш 6-7 см), сершира, хуштаъму гуворо; 8-9 % қанд (аз ҷумла 5,7 % сахароза) ва 10,1 % моддаҳои хушк дорад. Тухмпаллааш хурд, тухмаш калон, дарозрӯяи зардтоб. Даври нашваш 95-100 рӯз. Аз ҳар га 250—300 сентнер ҳосил медиҳад. Барои ба ҷойҳои дур кашондан ва дер нигоҳ доштан мувофиқ аст. Ба гармо тоб намеорад, бинобар ин рӯи онро то пухтанаш бо алаф мепӯшонанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулобии сиёҳ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Дастури полизкор. Д., 1987.