Jump to content

Гулобӣ (навъи себ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулобӣ — навъи себи миёнапази маҳаллӣ; селексияи мардумист.

Баргаш паҳни дарозрӯя (дарозиаш 8-9 см, бараш 5-6 см), дандонаҳояш майда. Мевааш гирда (дарозиаш 40-55 мм, бараш 40-65 мм, вазнаш 55-70 г), сабзи кушод, то нисфаш тобиши сурху гулобӣ дорад, баъзан рахшин ҳам мешавад. Пӯсташ тунук, мумпардааш маҳин, гӯшташ сахти карсосӣ, серобу ширин, бебӯй. Тухмдонаш миёнаҳаҷм, 8-18-то тухми қаҳваранг (андозааш 7,5 х 3,5 х 2,5 мм) дорад. Меваашро тар мехӯранд, мураббо мепазанд ва мехушконанд. Дарахташ зудсабзи серҳосил аст. Ниҳоли пайвандиаш баъди 3-4 соли шинондан самар меоварад. Даври нашваш 145—155 рӯз; аввали апрел (дар ноҳияи Айнӣ) гул карда, нимаи август мерасад. Дарахти 20-25-солааш (дар деҳаи Оббурдан) 250—300 кг ҳосил додааст. Гулобӣ ба сармо ва камобӣ тобовар буда, асосан дар заминҳои обӣ мерӯяд. Бештар аз ҳашароти зараррасони гулу мева зарар мебинад.

  • Богушевский П. Н. Культурная яблоня Верхнего Зеравшана//Плодовые Среднего Таджикистана. Л., 1935.