Гулрафтор Шаҳобова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулрафтор Шаҳобова
Таърихи таваллуд 15 ноябр 1939(1939-11-15)
Зодгоҳ ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 2018(2018)
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхонӣ

Гулрафтор Шаҳобова (15 ноябри 1939, ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон — августи 2018[1], Тоҷикистон) — овозхони тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулрафтор Шаҳобова 15 ноябри соли 1939 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро чун коргари Комбинати бофандагии пойтахт оғоз намуда, баъдан дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб ба ҳайси сароянда ҳунар озмудааст.

Беш аз даҳ сол сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Аз беҳтарин дуторнавозону овозхонони дав­ронаш маҳсуб меёфт. Гӯиё оташи афсун дар садояш ҷилва мекард ва до­ғу дардро малҳамбандӣ менамуд, дил ва равзани роз сўяш боз меистод.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Монанди гули худруста решаашро бароварда, суруду таронаҳои зиёде аз қабили «Қади раъно», «Духтари деҳқон», «Тоҷикистон», «Рубоиёти халқӣ», «Сол», «Ба меҳнат», «Дӯстӣ», «Моҳи ман», «Хабар меояд», «Рӯҳи ҷонон», «Ватанам» ба хидмат овард, нолаҳои дутор ҷаҳон­гашта намудандаш, ба тамоми ҷамоҳири шӯравӣ, Афғонистону Туркияю Сейлону Австрия ва дигар давлатҳо ҳамроҳи ҳунармандони тоҷик сафарҳо намуд[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ба қавли Муҳаббат Шаҳобова, духтари овозхон
  2. 80 соли Гулрафтор Шаҳобова. kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (19 ноябри 2019). 22 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2020.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.