Гулрезон
Зоҳир
Гулрезон, гулафшонӣ, гулпошӣ — расми гул рехтан бар сару зери пойи арӯсу домод дар ҷашни арӯсӣ (тӯй, сур) ва истиқболу пазироии меҳмони олиқадр. Ин расм ҳоло дар кишвари мо бо баъзе тафовутҳои шаклӣ мушоҳида мешавад.
Чунончи меҳмони иззатманди хориҷиро бо гулдастаҳо пешвоз мегиранд. Ҳамчунин пас аз бо ғалаба баргаштани варзишгарони номӣ ба ватан ба гарданашон гулчанбар меовезанд. Изофатан навъе аз тарф (нигар тарфбозӣ) низ гулрезон ном дошт.
Ин расм дар адабиёт ҳамчун образи бадеӣ маъмул буд ва шоирони пешин аз он фаровон истифода кардаанд:
Биё то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бикшодему тарҳи дигар андозем.Ҳофиз
ё
Чу гулафшон, ки шарарбор кунад оташбоз,
Нуқтаҳо резад аз коғази печида бар он.«Баҳори Аҷам»
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулрезон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.