Jump to content

Гулрезон (ойин)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Гулрезон» — ойини баргузории тадбирҳои варзишӣ бо даъват ва ҳузури тавонгарон-сарватмандони сарпараст дар толорҳои варзишӣ ё ба муносибате, мисли мадад кардан ба варзишгари ниёзманде ё шахси дигар.

Мардуми эронитабор аз даврони бостон барои муҳтарам донистани дӯстиву рафоқат ойини «Гулрезон»-ро барпо мекарданд.

Ойини «Гулрезон» бахше аз таърихи бузурги мардуми ориётабор мебошад. Баъзе аз муаррихон «Гулрезон»-ро аз замони ҳамлаи муғул зикр кардаанд. Дар замони ғоратгариву қатли оми мардуми Хуросон аз ҷониби муғулони хуношом аз байни мардуми тоҷик ҷавонони ватанпарасти тавоно ба ҳам омада, алайҳи ғосибони муғул пинҳонӣ мубориза мебурданд. Зикри паҳлавонон дар ойини «Гулрезон» гирифтани дасти мустамандон аст. Бори нахуст дар «Бештин»-и Хуросон айёроне барои ёрӣ ба мустамандон ва муҳтоҷон дар маҳалле гирд омада, шоли қирмизӣ густурданд ва онон ки тавони молӣ доштанд, қадам пеш ниҳода ҳар чӣ доштанд, барои ёрӣ оварданд. Дар байни паҳлавонону айёрон баргузории ойини «Гулрезон» ва ёрӣ ба мустамандон нишонае аз ҷавонмардӣ будааст. Бо гузашти айём маросими «Гулрезон» аз зӯрхонаҳо ба ҷойҳои дигар гузашт ва ҳатто занҳо ҳам онро созмон медодаанд. Ҳоло бо гузашти замон ойини суннатии «Гулрезон» дар Эронзамин бошукӯҳтар гардидааст. Мардону занони тавонманду ҷавонмард барои озодии зиндониёни ноҳақ ҳукмшуда гулрезӣ мекунанд; маблағ ҷамъ карда, ба афтодагон ва зиндониён ёрӣ мерасонанд.