Гулсанг
Омӯхта мешавад дар | гулсангшиносӣ[d] |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гулсанг, лиша́йник (лот. Lichenes) — гурӯҳи махсуси занбӯруғҳо, ки бо обсабзҳо ҳамзистии доимӣ доранд. Ба ақидаи баъзе набототшиносон, гулсангҳо гурӯҳи мустақили рустаниҳои дараҷаи паст буда, онҳоро лихенология меомӯзад.
Навъҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулсангҳо тақрибан 26 ҳазор гуна ва беш аз 400 ҷинс доранд. Дар Тоҷикистон 200 навъи гулсанг (махсусан аз ҷинси Paramelia, Xantboria, Acorospora, Lecidea, Phizocarpon ва ғ.) дучор меоянд. Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон дар Бешкент гулсанги ғизоӣ (Aspicilia esculenta) мерӯяд, ки шамолҳои сахт онро ғелонда мебаранд. Вобаста ба тарзи ҳогофарӣ (ҳосил шудани спора), яъне халта ё базидияи ҳогдор, гулсангҳо ба ду синф тақсим мешаванд: халтадорон (қариб ҳамаи гулсангҳои маъмулро дар бар мегиранд) ва базидиядорон (даҳҳо навъро муттаҳид месозанд). Базидия узви афзоиши базидиомитсетҳо буда, маъмулан, аз чаҳор спораи якҳуҷайра иборат аст. Бахши ҳамешагии гулсангҳо обсабзҳои кабуду сабз, зарду сабз ё сабз мебошанд. Ҳар навъи гулсанг бо як навъи муайяни обсабз ҳамзистӣ дорад.
Сохтор
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулсангҳо гуногун мешаванд, мас., карахшмонанд, баргшакл ва буттагӣ. Табақа (ҷисми нашвӣ)-и гулсангҳои карахшмонанд нисбатан сода, донашакл, гардмонанд ё пӯстлохгун мебошад. Гулсангҳои баргшакл лавҳачаҳои каму беш бурришнокро мемонанд. Гулсангҳои буттагӣ хеле тараққӣ кардаанд. Онҳо шакли буттачаро дошта, танаашон риштамонанди овезон ё рост аст.
Вобаста ба сохтори анатомӣ гулсангҳо гомеомерӣ (обсабзҳо дар ҷисм нисбатан баробар тақсим шудаанд) ва гетеромерӣ (обсабзҳо фақат дар қабати болои пӯстлох ҷойгиранд) мешаванд. Табақаи гулсангҳои хуб рушдёфта аз қабатҳои пӯстлохии боло ва поин иборат аст, ки дар байни онҳо обсабзҳо ва дилак қарор доранд.
Афзоиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулсангҳо бо роҳи ҷинсӣ, ғайриҷинсӣ ва нашвӣ афзоиш мекунанд. Дар натиҷаи афзоиши ҷинсӣ спораҳои занбӯруғи гулсанг андаруни халта (гулсангҳои халтадор — Ascolichenes) ё баъзан дар базидияҳо (гулсангҳои базидиявӣ — Basidiolichenes) падид меоянд. Халтаи спорадор дар ҷисми насловари пӯшида (перитетсияҳо), ки дар қисми боло сӯрохи танги махраҷӣ дорад, инкишоф меёбад. Дар мавриди афзоиши ғайриҷинсӣ конидияҳо ва пикноспораҳо ҳосил мешаванд. Спораҳои сабзидаи занбӯруғ бо обсабзи созгори намуди худ дучор омада, якҷо табақаи нави гулсангро ба вуҷуд меоранд. Афзоиши нашвии гулсанг таҷдиди табақа қисмҳои хурди он (шикастапораҳо, тарошаҳо ва ғ.)-ро ифода мекунад; ба ин тарзи афзоиш ташкилаҳои махсус — соредия ва изидия низ мусоидат менамоянд. Обсабзҳо дар гулсанг бо усули тақсимшавӣ, обсабзҳои сабз — бо роҳи ҳосил кардани автоспораҳо афзоиш меёбанд.
Тарзи ҳаёт ва паҳншавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулсангҳо ба миқдори зиёд моддаҳои кимиёӣ (маводди гулсангӣ) ҳосил мекунанд. Баъзе аз онҳо қабати пӯстлохии табақаро рангин карда, обсабзро аз таъсири сахти офтоб ҳифз менамоянд; моддаҳои дигар дар девораи гифҳои ҳавоӣ гирд омада, дар об тар намешаванд, варам намекунанд. Онҳо бо ҳамин роҳ барои бо ҳаво таъмин гаштани обсабзҳо мусоидат менамоянд. Бисёр моддаҳои гулсанг ҷинси кӯҳиро тағйир дода, барои дар он устувор гаштани табақа шароити мусоид фароҳам меоранд.
Вобаста ба тарзи истифодаи об гулсангҳо мансуби рустаниҳои пойкилоҳидрӣ мебошанд. Онҳо барои ҷабидану хориҷ кардани об узви махсус надоранд ва раванди мазкурро аз нигоҳи физиологӣ назорат карда наметавонанд. Об дар тамоми сатҳи табақа ҷабида шуда дар фазои мӯйшакли байни гифу ҳуҷайраи обсабзҳо, инчунин дар ҷилди варамидаи баъзе гифҳо ҷамъ мешавад. Дар гулсангҳои мухотӣ қисми бештари об дар мухот (луоб) гирд меояд. Афзалияти экологии гулсангҳо нисбат ба дигар рустаниҳо дар он аст, ки онҳо бухори обро на фақат аз нами зиёд, балки аз намии ками атмосфера низ меҷабанд. Дар ин маврид ҳамроҳ бо об маводди ғизоии органикию ғайриорганикии дар он ҳалгашта низ фурӯ бурда мешавад. Занбӯруғ қисми бештари карбогидратҳоро аз обсабзҳо мегирад. Гулсангҳо нисбат ба дигар рустаниҳо ба беобӣ муддати мадид тоб меоранд. Қобилияти фотосинтезии обсабзҳо дар гулсанг ба миқдори оби табақа вобаста аст; дар сурати хушкидани гулсанг раванди фотосинтез суст ё умуман қатъ мешавад. Дар аксари мавридҳо сабаби суст рушд ёфтани гулсанг кӯтоҳ будани давраи фотосинтез аст. Маъмулан, гулсангҳои карахшӣ нисбат ба гулсангҳои баргшакл сусттар, аммо гулсангҳои бутташакл тезтар рушд меёбанд. Ҳадди ақалли сабзиши гулсанг дар як сол 0,01 мм, ҳадди аксари он тақр. 100 мм аст. Гулсангҳо ба гармову сармо тоб меоранд. Онҳо дар ҷои равшан ва дар субстратҳои гуногун — дарахт, ҷинсҳои кӯҳӣ, хок, барги дарахтони ҳамешасабз, инчунин дар чарм, устухон, коғаз, шиша, оҳан ва ғ., ки муддати зиёд дар як ҷой истодаанд, нашъунамо меёбанд. Гулсангҳо аз таъсири ҳавои чиркин, мас., дуд ва гази сулфит зарар мебинанд. Гулсангҳоро метавон дар ҳамаи қитъаҳо то сарҳадди ниҳоии паҳншавии наботот дучор омад. Дар мавзеъҳои тропикию субтропикӣ навъҳои сершумори гулсангҳо мерӯянд; дар тундра ва баландкӯҳҳо гулсангҳо фаровон, дар биёбонҳо хеле кам мебошанд.
Робитаи тарафайни занбӯруғу обсабз
[вироиш | вироиши манбаъ]Оид ба алоқаи занбӯруғу обсабзҳо дар гулсанг солиёни дароз ақидаи ғалат вуҷуд дошт. Мувофиқи он гӯё обсабзҳо занбӯруғро бо маводди органикӣ (карбогидратҳо) ва занбӯруғҳо обсабзро бо обу намакҳои минералӣ таъмин мекарда бошанд. Вале дар асл чунин робитаи дутарафаи байни занбӯруғу обсабз дар гулсанг фақат ба хотири ангалзистӣ (паразитизм), хосса аз ҷониби занбӯруғ аст. Гифҳое, ки наздик ба ҳуҷайраи обсабзҳо ба табақаи гулсанг мегузаранд, узвҳои гуногуни ҷаббиш (гаусторияҳо, импрессорияҳо, апроссорияҳо ва ғ.) -ро ба вуҷуд меоранд. Гифҳо фақат як қисми андаки ҳуҷайраи обсабзро фаро гирифта, моддаҳои ғизоии онро истифода мебаранд. Дар натиҷа ҳуҷайра батадриҷ маҳв мешавад. Дар баробари ин, бинобар ҳамзистии устувор, занбӯруғ аз ҳуҷайраҳои фавтидаи обсабз низ истифода мекунад (занбӯруғ дар ин давра сапрофит аст).
Аҳаммият
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулсангҳо хӯроки асосии чорво, аз ҷумла гавазнҳо, мебошанд. Бисёр гулсангҳо хосияти давоӣ низ доранд. Тақр. 2000 сол то м. дар Миср гулсангро ҳамчун воситаи табобатӣ истифода мекарданд. Абуалии Сино дар китоби «Қонуни тиб» як навъи гулсанг (Usnea articulama)-ро чун даво ном бурдааст. Бино ба ақидаи табибони мардумӣ, гулсанг хосияти поксозӣ дорад. Агар онро ос (нарм) карда гузошта банданд, ҳамаи навъҳои шукуфаи пӯстро шифо мебахшад, хуни равонро банд мекунад, тафси узвҳоро таскин медиҳад, варамҳои гармро даво мебахшад ва агар бипошанд, варами забонро мегардонад. Навъи сурхи гулсангро дар об ҷӯшонида, он обро соф карда бинӯшанд, дарди зонуро бартараф месозад. Аз гулсанг барои муолиҷаи бемории сил, пучаксорӣ, амрози рӯда ва саръ дору тайёр мекунанд. Аз гулсанг зиёда аз 250 навъи кислотаҳои гулсангӣ, ки хосияти микробнесткунӣ доранд, ҳосил мешавад. Кислотаи уснин барои пешгирии касалиҳои помидор, кислотаҳои улпинат, физоидат ва симетсинат барои маҳв намудани занбӯруғҳои зараровари дарахтон, маҳлули кислотаи лекаронат, посоромат ва уснинат барои бартараф намудани иллати тамоку истифода мегарданд. Гулсангҳоро дар атриёт низ ба кор мебаранд. Дар Шотландия ва Скандинавия гулсангҳои ҷинси Evernia рarmelia-ро барои ранг кардани пашму матоъ истифода мебаранд. Гулсанг беҳтарин муайянкунандаи олудагии муҳит ҳисоб мешавад. Дар асоси гулсанг лихенометрия ривоҷ меёбад, ки бо ёрии он дар натиҷаи чен намудани қутри гулсангҳо бозёфтҳои ҳафриётии синнашон номаълум, зилзилаҳои пешина ва ғ. дақиқ мегарданд. Чандин гулсангҳо, ки дар танаву шохаи дарахтон месабзанд, ба хоҷагиҳои ҷангалдорӣ зарар мерасонанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулсанг / И. Қудратов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.