Занбӯруғҳо
Занбӯруғҳо | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
![]() Гуногунии олами занбӯруғҳо | ||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Fungi Bartl., 1830 | ||||||||||||||
Шоха | ||||||||||||||
Несистематическая группа высших грибов:
|
||||||||||||||
|
Занбӯруғҳо, заморуғ, саморуғ, камот, кулоҳи замин (лот. Fungi ё Mycota) — олами зиндаи табиат, муттаҳидшудаи организмҳои эукариотӣ, ки дар худ омехтаи баъзе нишонаҳои рустанӣ ва ҳам ҳайвонотро доранд.
Хосиятҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Занбӯруғҳо моддаҳои органикии бофтаҳои рустанию ҳайвонотро чун ғизо истифода мебаранд. Вобаста ба ғизо занбӯруғҳо сапрофит (чун ғизо моддаҳои органикии бофтаҳои мавтшударо истифода мебаранд), ангал (моддаҳои органикии бофтаҳои зиндаро ғизо мекунанд), сапрофити ихтиёрӣ ва ангали ихтиёрӣ мешаванд. Занбӯруғҳо аз рӯи ҳаҷм, намуди зоҳирӣ, маҳалли рушд ва амали физиологӣ тафовут доранд. Андозаи занбӯруғҳо аз чанд мкм то чанд метр мешавад. Ҳуҷайраи бисёр занбӯруғҳоро пардаи дурушт фаро гирифтааст, ки 90 дарсади онро полисахаридҳои нитрогендору бенитроген ва селюлоза ташкил медиҳанд. Танаи аксари занбӯруғҳо аз печҳои риштамонанд (гифҳо), ки митселияро ба вуҷуд меоранд, иборат аст. Митселияи занбӯруғҳои олиташаккул хуб, митселияи занбӯруғҳои номукаммал суст инкишоф ёфтааст. Занбӯруғҳо тавассути гиф ғизо мегиранд. Митселияи баъзе занбӯруғҳои сапрофит дар муҳити ғизо мисли реша (ризоид) инкишоф меёбад. Дар сурати номусоид будани шароити зист митселияи бисёр занбӯруғҳо узвҳои афзоиши нашвӣ (мас., склеротсия, ризоморфҳо, хламидоспораҳо ва ғ.) ҳосил мекунад. Митселияи занбӯруғҳо найчашакл буда, бараш 1–10 мкм ва дарозиаш 80–100 мкм аст. Митселияи хурд, маъмулан, борику нозук ва митселияи калон нисбатан ғафси рангин мешавад. Занбӯруғҳо ҳар қадар хусусияти сапрофитӣ дошта бошанд, ферменти онҳо ҳамон қадар зиёд ва баръакс, чи қадаре, ки хусусияти ангалӣ дошта бошанд, ферменти онҳо ҳамон қадар кам аст. Занбӯруғҳо вобаста ба рустангоҳ (субстрат) махсус гардидаанд. Чунин махсусгардии занбӯруғҳо филогенезӣ (вобаста ба ҷинсу намуд), онтогенезӣ (синусолӣ ва физиологӣ), органотропӣ (ба ягон узви муайян мутобиқат пайдо кардан) мешавад. Хусусан ду тарзи аввалӣ ҷолиб буда, онҳоро ҳангоми киштгардон ба назар мегиранд. Занбӯруғҳо чун рушдгоҳ (субстрат) бештар организмҳои наботӣ ва баъзан ҳайвониро истифода мебаранд.
Афзоиши занбӯруғҳо бештар бо роҳи ғайриҷинсӣ (бо спора; баъзан як занбӯруғ садҳо ҳазор ва ҳатто садҳо миллион спора ҳосил мекунад) сурат мегирад. Занбӯруғҳои афзоишашон ҷинсӣ ва нашвӣ низ мавҷуданд. Спораи занбӯруғҳо гуногуншакл аст. Дар занбӯруғҳо хусусан афзоиши ғайриҷинсӣ (бо спора, спорангиоспора, конидия) бештар ба мушоҳида мерасад. Зооспора ва спорангиоспораҳо дар дохили узви махсус – зооспорангийю спорангийҳо ташаккул меёбанд (канидияҳо дар нӯги торҳои махсуси митселия ҳосил мешаванд). Ҳангоми афзоиши ҷинсии занбӯруғҳо ду ҳуҷайраи гуногун – гаметаҳои наринаю модина омезиш ёфта, дар натиҷа зигота пайдо мешавад. Гаметаҳо гаплоид (дастаи хромосомаашон тоқ аст), зиготаҳо диплоид (дастаи хромосомаҳояшон комил аст) мебошанд. Тарзи афзоиши ҷинсии занбӯруғҳо ниҳоят гуногун буда, дар занбӯруғҳои номуташаккил дар натиҷаи омехта шудани гаметаҳои ҳаммонанд (изогамия) ё гуногун (гетерогамия) сурат мегирад. Узви ҷинсии модинаи занбӯруғҳои олиташаккул архикари ном дошта, аз аскогол ва трихогин иборат аст (тавассути астеридияи нарина бордор мешавад). Спораи занбӯруғҳо ба воситаи об, ҳаво, одам, ҳайвонот, паранда, ҳашарот ва ғ. паҳн мешавад; спораи баъзе занбӯруғҳо (мас., зооспораҳо) дар об тавассути қамчинак ҳаракат мекунад. Занбӯруғҳо дар рафти ҳаёт бисёр вақтҳо ба симбиоз гузашта, бо организмҳои дигар ҳамзист мешаванд ё ферментҳои махсус, заҳр, антибиотик, витамин, моддаҳои рушд ва ғ. ҳосил карда, худро аз нестӣ эмин медоранд.
Таснифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Тоҷикистон наздики 20 ҳазор намуди занбӯруғҳо мавҷуд аст. Онҳо вобаста ба сохти митселия, роҳҳои афзоиши ҷинсию ғайриҷинсӣ, таркиби кимиёии ҳуҷайрапарда ва ғ. ба занбӯруғҳои дараҷаи паст ва занбӯруғҳои дараҷаи олӣ ҷудо мешаванд. Ба занбӯруғҳои дараҷаи паст фикомитсетҳо (архимитсетҳо, оомитсетҳо ва зигомитсетҳоро дар бар мегиранд) тааллуқ доранд. Онҳо ангезандаи бисёр касалиҳои рустанӣ, мас., қӯтураки картошка, доғзании барг, фитофторози картошка, гарда ва ғ. мебошанд. Занбӯруғҳоҳои дараҷаи олӣ аскомитсетҳо, базидомитсетҳо ва занбӯруғҳои номукаммалро дар бар мегиранд. Занбӯруғҳои мансуби аскомитсетҳо халтадор буда, тавассути спора афзоиш мекунанд. Онҳо ангезандаи бурмаи барг, доғаки нок, гарда, саратони себ, кастона, доғзании барг, қарасони рустанӣ, тосаки сафед ва ғ. мебошанд. Базидиомитсетҳо занбӯруғҳои сапрофиту ангали рустаниҳои олиташаккул ва баъзан ҳашаротанд. Узви асосии спораовари онҳо базидия аст, ки дар он маъмулан 4 базидиоспораи якҳуҷайра ташаккул меёбад. Базидиомитсетҳо гетеробазидиомитсетҳо ва хомобазидиомитсетҳоро муттаҳид мекунанд. Занбӯруғҳои ин гурӯҳ дар рустаниҳои олиташаккул ангалзистӣ карда, занга ва касалиҳои дигари ба ҳамин монандро меангезанд. Занбӯруғҳои номукаммал сапрофит ё ангали рустаниҳои олиташаккул ва ҳайвонот мебошанд. Онҳо дар субстрат ё дохили он алоҳида ё гурӯҳ-гурӯҳ ҷой гирифта, ангезандаи тосаки хокистарранги рустанӣ, доғзании барг, қӯтураки себ, пажмурдагии трахеомикозии рустанӣ, қарасон, фомоз, саратони сиёҳи себ мебошанд. Занбӯруғҳо иморатҳои чӯбин, коғаз, хӯрокворӣ ва ғ-ро низ вайрон мекунанд. Занбӯруғҳои касалиангез ба кишоварзӣ ва ҷангалпарварӣ зарари ҷиддӣ мерасонанд. Занбӯруғҳои ҷинсҳои Fusarium, Verticillium ва ғ. муҷиби пажмурда шудану хушкидани рустаниҳо мегарданд. Бисёр меваю сабзавоти аз занбӯруғҳо зарардида ҳангоми нигоҳдорӣ ё ба ҷойҳои дигар кашонидан мепӯсанд. Аз таъсири занбӯруғҳо меваи дарахтони ситрусӣ мағор зада, меваҳои донакдору тухмдор талхмазза ва картошкаю карам дучори тосак мегарданд. Ҳангоми риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ ғалла ва сабзавоту зироати техникӣ низ мағор мебанданд. Зарари занбӯруғҳо ба чӯб, селюлоза, коғаз ва дафтару китоб ҳам кам нест. Занбӯруғҳои мағор на танҳо ранги маҳсулотро тағйир медиҳанд, балки худи онҳоро пӯсонда вайрон мекунанд. Ба чӯб хусусан зарари Armillariella mellea (ба чӯби 200 намуди рустанӣ осеб мерасонад) калон аст. Занбӯруғҳо ангезандаи микозҳо ва микотоксикозҳои одаму чорво низ мебошанд. Занбӯруғҳои мағор ангиштоб ва моддаҳои дигари органикии хӯроквориро таҷзия ва талху бадбӯй мекунанд. Аз истеъмоли хӯроквории вайроншуда одам ва ҳайвон заҳролуд мегардад.
Корбурд
[вироиш | вироиши манбаъ]Занбӯруғҳо дар мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, нематодаҳо, ангезаи касалиҳои занбӯруғии рустанӣ ва ғ. низ истифода мешаванд. Занбӯруғҳои Trichoderma lignorum рушди ангезандаи касалиҳои наботот (мас., Rhizoctonia, Fusarium, Verticillium, Selerotinia ва ғ.)-ро, ки дар хок зиндагӣ мекунанд, бозмедорад. Аҳаммияти занбӯруғҳо барои хок (ҳамроҳи бактерияҳо, актиномитсетҳо ва микроорганизмҳо моддаҳои органикиро таҷзия мекунанд) калон аст. Миқдор ва таркиби занбӯруғҳои мағор аз нишондодҳои муҳимми ҳосилхезии хок ба шумор меравад. Занбӯруғҳои хамирмоя дар саноати хӯрокворӣ истифода мешаванд. Хамирмояи хӯроки чорво ғизои хуби ҳайвоноту паранда аст. Қобилияти антибиотик ҳосил кардани бисёр занбӯруғҳоро ба назар гирифта, онҳоро дар тиб ва байторӣ истифода мебаранд. Занбӯруғҳои ҷинси Penicillium ғайр аз пенитсиллин ҳамчунин гризеофулвин, микросид, ситринин, вортманин, нотатин ва ғ. ҳосил мекунанд. Бо иштироки бисёр занбӯруғҳо (бештар занбӯруғҳои мағор) биосинтези доруҳои гуногун, мас., стероидҳо (кортизон, гидрокортизон ва преднизолон) ба роҳ монда шудааст. Доруҳои аз чунин занбӯруғҳо истеҳсолкардаро барои муолиҷаи ихтилоли аъзои ҳозима, инчунин дар стоматология, урология ва дерматология (ҳангоми табобати захм, сармозанӣ, сӯхтан, илтиҳоби римдори масона) ба кор мебаранд. Дар занбӯруғҳои мағор тақр. 40 фермент ошкор карда шудааст, ки 10-тои онҳо дар саноат истифода мешаванд. Занбӯруғҳои хамиртуруш дар нонпазӣ хеле муҳим мебошад. Дар баробари занбӯруғҳои хамиртуруш барои нонпазӣ занбӯруғҳои мағор (амилазаи ҳосилкардаи он нонро хушсифат мегардонад) низ муҳим аст. Ферменти пектиназа, ки баъзе занбӯруғҳои мағор ҳосил мекунанд, барои мусаффо гардондани афшураи мева воситаи беҳамтост. Занбӯруғҳои ҷинси Aspergillus бо бактерияҳои туршонандаи шир барои истеҳсоли кефир ва қимиз истифода мешаванд. Амилазаи аз занбӯруғ гирифтаро дар саноати бофандагӣ барои равондани оҳари ресмон ба кор мебаранд. Дар чармгарӣ ферменти протеиназа, ки занбӯруғҳои ҷинси Aspergillus ва Penicillium ҳосил мекунанд, барои ош додану нарм кардани пӯст беназир аст.
Занбӯруғҳои хӯрокӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Занбӯруғҳои хӯрданбоб серғизо ва хуштаъм мебошанд. Дар таркиби онҳо ба миқдори зиёд сафеда, каротин (провитамини А) ва витаминҳои гурӯҳи В, ҳамчунин камубеш чарбӣ, карбоҳидратҳо, витамини С вуҷуд доранд. Вобаста ба миқдори унсурҳои минералӣ (калий, натрий ва ғ.) занбӯруғҳо ба меваҷот наздик мебошанд. Ҷилди ҳуҷайраи занбӯруғҳо бо хитин фаро гирифта шудааст, аз ин рӯ онҳо дар рӯда бад ҳазм мешаванд (мас., сафедаҳо ҳамагӣ 50%). Бо дар назардошти ин занбӯруғҳо ба гурӯҳи ғизоҳои «гарон» мансуб буда, барои одамони гирифтори бемориҳои дастгоҳи ҳозима зиён доранд. Баъзе занбӯруғҳоро шартан хӯрданбоб меноманд. Онҳоро қабл аз истифода бо оби бисёр шустан ва ҳатман муддати мадид ҷӯшондан лозим аст. Ҳосилнокии занбӯруғҳо ба шароити обу ҳаво, хусусан ба намнокӣ ва ҳарорат вобастагӣ дорад. Беш аз пеш афзудани талабот ба занбӯруғҳо боиси рушди ба ном «саноати занбӯруғ» (хосса дар мамолики мутараққӣ – Фаронса, Британияи Кабир, Нидерландҳо, Маҷористон, Ҷопон, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ ва ғ.) гашт. Барои истеҳсоли саноатӣ бештар аз занбӯруғҳои дарахтфарсо истифода мекунанд. Онҳо занбӯруғҳои калон ва хеле хуштаъм буда, дар ҷойҳои кушод ва хонаҳои махсус парвариш карда мешаванд. Парвариши занбӯруғҳо дар баъзе корхонаҳои Тоҷикистон низ ба роҳ монда шудааст.
Занбӯруғҳои заҳрнок
[вироиш | вироиши манбаъ]Занбӯруғҳои заҳрнок аз замонҳои хеле қадим маълуманд. Онҳоро баъзан бо мақсадҳои ғаразнок ва амалҳои нопок истифода мебурданд. Тахмин меравад, ки императори Рум Клавдий, папа Клименти VII ва шоҳи Фаронса Карли VI бо занбӯруғҳо заҳролуд карда шуда буданд. Тақр. 20–25 намуди занбӯруғҳои заҳрнок маълум аст. Хосса телпаки морак ва магаскушаки бадбӯй заҳри ҳалоҳиланд. Сабаби заҳрнокии занбӯруғҳо заҳроба (токсин)-ҳое мебошанд, ки дар таркиби онҳо вуҷуд дошта, зери таъсири ферментҳои дастгоҳи ҳозимаи одам ва пухтупаз безарар намегарданд. Занбӯруғҳое, ки дар ҷойҳои аз нигоҳи экологӣ номусоид (мас., атрофи шаҳрҳои саноатӣ, канори р. о., шоҳроҳҳо, наздики неругоҳҳои атомӣ ва амсоли онҳо) мерӯянд, қодир ба гирд овардани заҳр дар ҳуҷайраҳои хеш мебошанд. Бинобар ин, аз чунин ҷойҳо чидану истифода бурдани занбӯруғҳо мамнӯъ аст. Занбӯруғҳоро микология меомӯзад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занбӯруғҳо // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.