Гулсифат Шаҳидӣ
Таърихи таваллуд: | 1 январ 1955 (69 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, насрнавис |
gulsifatshakhidi.com |
Гулсифат Шаҳидй (тоҷикӣ: Гулсифат Ғаффоровна Шаҳидӣ; 1 январи 1955, Ленинград, РСФСР) — рӯзноманигор, адабиётшинос, насрнависи тоҷик. Барандаи ҷоизаи «Нависандаи сол»-и Русия дар бахши «Адабиёти кӯдак» (2020)[1] .
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулсифат Ғаффоровна Шаҳидӣ 1 январи соли 1955 дар оилаи иқтисоддонҳо Ғаффор ва Масрура Сатторовҳо ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи нависандагони Русия ва Гилдияи эҷодии Авруосиё. Дар Маскав ва Лондон кору зиндагӣ мекунад. Зани оҳангсози маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ (тав. 1946), модари се писар ва даҳ набера.[2]
Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти эҷодии худро дар шаҳри Душанбе оғоз намуда, ба ҳайси мухбири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Ҷавонон» кор мекунад. Сипас ба бахши аспирантура дохил шуда, дар мавзӯи равобити адабии тоҷику рус дар солҳои 20-30-уми асри гузашта рисолаи номзадиро бомуваффақият дифоъ мекунад. Баъди хатми аспирантура дар Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси тарҷумон кор мекунад. Солҳои баъдӣ дар Маскаву Душанбе ба ҳайси муҳаррир ва сипас мудири бахши радио ва телевизиони бахши тоҷикистонии ширкати телевизион ва радиои «Мир» кор кардааст. Вай чандин барнома, ҳикоя ва клипҳои радио ва телевизионро нашр кардааст.
Баъдтар ба фаъолияти адабии худ оғоз кард. Ёздаҳ китоб навишта, нашр кардааст, ки ба чаҳор забон (англисӣ, русӣ, тоҷикӣ ва форсӣ) тарҷумаву нашр шудаанд. Ҳамчунин, муаллифи теъдоди зиёди мақолаҳо, баррасиҳо мебошад.
Китобҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шаҳре, ки орзуҳо амалӣ мешаванд, ҳикоя, 2015
- Ҳамсояҳо, ҳикоя, 2016
- Саёҳати сентименталӣ ё ҳама чиз вақти худро дорад, эссеи илмии оммавӣ, 2016[3]
- Фарход аз Навгилем, хикояхо, 2017[4]
- Муҳаббатро мубодила кунед, романи автобиографӣ, 2017
- Чашми ман ба Шарқ духта шудааст (В. Жуковский ва Шарқ), Очерк илмии оммавӣ, 2017[5]
- Афсонаҳои биби Гулсифат, 2018[6]
- Нури ман, офтоб, 2018
- Дар ин биҳишти рӯи замин, 2018 Архивная копия[7]
- Биҳишти гумшуда, 2018 Архивная копия[8]
- Маро муҳофизат кунед, 2019 Архивная копия[9]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Премия «Писатель года» 2020. pisatelgoda.ru(пайванди дастнорас — таърих). 27 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 августи 2021.
- ↑ Пришло время писать. Как сбываются мечты Гульсифат Шахиди Подробнее: http://news.tj/ru/news/life/person/20160806/prishlo-vremya-pisat-kak-sbyvayutsya-mechty-gulsifat-shakhidi Бойгонӣ шудааст 26 октябри 2017 сол.
- ↑ Сентиментальное путешествие(рус.). Gulsifat Shakhidi. 25 апрели 2020 санҷида шуд.
- ↑ Фарход из Навгилема, 2017(рус.). Gulsifat Shakhidi. 25 апрели 2020 санҷида шуд.
- ↑ К Востоку устремлён мой взор, 2017(рус.). Gulsifat Shakhidi. 25 апрели 2020 санҷида шуд.
- ↑ Сказки бабушки Гульсифат, 2018(рус.). Gulsifat Shakhidi. 25 апрели 2020 санҷида шуд.
- ↑ В этом райском уголке земли(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). Gulsifat Shakhidi. 25 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 июли 2021.
- ↑ Настоящий рай - потерянный рай(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). Gulsifat Shakhidi. 25 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 июли 2021.
- ↑ Защити меня(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). Gulsifat Shakhidi. 25 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 июли 2021.