Гулхани Восеъ
|
«Гулхани Восеъ» — нашрияи Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ.
Соли 1940 бо номи «Стахановчӣ» таъсис ёфта, солҳои 1950-54 бо номи «Ҳаёти нав» нашр мешуд. Муҳаррири нахустинаш — Азиз Рашидов. Нашрия аз соли 1961 то 1976 бо номи «Мубориз» ба табъ расид ва дар он як силсила рӯзноманигорони ботаҷриба, ба монанди Умар Валиев (сардабир), Ғанӣ Давлатов, Пирӣ Иброҳимов, Мирзо Қосимов, Мирзо Сироҷов, Қувваталӣ Холов, Ҳусейн Саидов, Фотима Раҳимова фаъолият намуданд. Пас аз ин муддате нашри он (то соли 1981) қатъ гардид. Аз 1 январи 1981 дубора ба чоп расид. Аз 2 сентябри 1993 бо қарори кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Восеъ бо номи «Гулхани Восеъ» дар ҳаҷми 4 сафҳаи ФА-3 нашр мешавад. Адади нашраш 850 нусха (2015). Сардабираш Аълочии матбуот ва узви ИЖ Тоҷикистон Наҷот Сафарзода.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулхани Восеъ» / Қ. Шарифзода // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.