Гулхор
Гулхор | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Rosa.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Rosa fedtschenkoana Regel | ||||||||||||||
|
Гулхор, буттахор, гулбутта, хоргул (лот. Rosa fedtschenkoana) — як навъ буттаи сернавдаи хордор.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз 1 то 4 (баъзан то 6) метр қад мекашад. Пӯстлохи навдаҳояш ҷигарии бӯртоб, бо хорҳои махрутшакл (дарозиашон 1-2 см) фаро гирифта шудааст. Баргаш бепашмак, ғафси дандонадор (аз 3-7 баргча иборат аст, дарозиашон 1-2,5 см). Гулаш калон (қутраш 3-9 см), сафед, норанҷӣ. Ғуҷуммеваи сурхтоб, дарозрӯяи пашмакдор ё луччак, сершира ё бешира дорад (дарозиаш то 5 см). Давраи гулшукуфташ июн — июл, самараш моҳи сентябр мерасад.
Гулхор дар арчазорҳои қаторкӯҳҳои Қурама, Туркистону Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 1500-3200 м аз с. б.) мерӯяд. Меваи гулхор сервитамин мебошад. Дар таркиби самари расидаи он витаминҳои C, P, E, B2 ва K1, 12-27 мг% каротин, кислотаҳои органикӣ, 15-20 % қанд, флавоноидҳо, моддаҳои пектинӣ ва даббоғӣ (то 5 %) мавҷуданд. Мевааш 6,22-9,84 % кислотаи аскорбин, 1,7 % витамини P, 0,04 % витамини E, 27 % каротин дорад.
Корбурди пизишкӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Табибони халқӣ самари гулхорро чун воситаи талхарон ва афтонандаи санг, нақеи бо асал омехтаи онро ҳангоми илтиҳоби роҳҳои нафас, сурфа, ҷӯшобаи реша ва баргашро ҳангоми шикамдард, исҳоли хун ва чун воситаи пешоброн ба кор мебаранд. Бо нақеи гулхор (20 дона меваи онро дар 0,5 л оби ҷӯш андохта, як шаборӯз нигоҳ медоранд) зуком, сурфа, ғалаёни хун, гулӯзиндонакро муолиҷа мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулхор / М. Ҳоҷиматов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.