Гулхорак
Гулхорак | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Webbianae.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Rosa maracandica Bunge | ||||||||||
Мутародифот | ||||||||||
|
||||||||||
|
Гулхорак (лот. Rosa maracandica), хорчак, хори гулобӣ — буттаест хордор.
То 1,5 м қад мекашад. Шоху навдааш печ андар печ, хордор (дарозиаш то 1,5 см); баргаш тоқапаршакл, аз 5-7 баргак иборат аст. Гулаш гулобиранг (қутраш 3-4 см), май — август мешукуфад. Мевааш байзашакл ё нокмонанд, норанҷии рӯшан, камоб (дарозиаш то 2 см, вазнаш 0,13-0,82 г).
Дар Тоҷикистон дар нишебиҳои қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Помиру Олой (дар баландии 800—2200 м аз с. б.) мерӯяд. Бештар дар нимсаваннаҳо, арчазор, сесанбарзор, зағозазорҳо, ҷойҳои санглох вомехӯрад. Меваи гулхорак 9,97 % витамини С, 0,01 % каротин дорад. Гулхорак рустании шифобахш аст. Бо нақеъ ва ҷӯшоби меваи он хуншории милки дандонҳо, бемории узвҳои ҳозима, бо ҷӯшоби гулу баргаш бемориҳои илтиҳобӣ ва зангиларо дармон мебахшанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулхорак // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.