Гулшании Шерозӣ
Зоҳир
Гулшании Шерозӣ (форсӣ: گلشنی شیرازی; 1616, Шероз — ?) — шоири форс-тоҷики Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз хатми таҳсил ва касби камол ба Ҳиндустон сафар кард. Дар Дакан мезист. Тазкиранигор Тақиуддини Авҳадӣ ӯро дар Дакан дида будааст, ки ба Эрон мерафт. Дар манбаъҳо аз девонаш иттилоъ дода нашудааст, вале маҳорати ӯро дар бадоҳатан гуфтани ҷавоб ба ғазалҳои Масеҳои Кошӣ, Толиби Омулӣ ва дигарон дар маҷлисҳои даргоҳи ҳукмрони давр — Ҷаҳонгир таърифу тавсиф кардаанд. Гулшании Шерозӣ, ба қавли Тақиуддини Авҳадӣ, аз илми мусиқӣ огоҳ ва «гоҳе қаландар, гоҳе воиз, гоҳе маддоҳ, гоҳе муқаллид» будааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулшании Шерозӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.