Jump to content

Гулқалам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулқалам — корди махсуси гулбурӣ, ки дар ҳунари кандакорӣ истифода мешавад.

Бо номҳои қалам, корди гулбурӣ, корди теғдор низ маъмул аст. Ба воситаи гулқалам дар рӯи устухон, гач ва гил кандакорӣ мекунанд, ашёи рӯзгор, ҷузъҳои меъморӣ ва ҳайкалҳоро ороиш медиҳанд. Гулқалам дар кандакории рӯи чӯб васеъ истифода мешавад. Меъморону наҷҷорони тоҷик ба воситаи гулқалам бештар аз чӯбҳои арча, тут, чинор, чормағз, зардолу ашёи гуногуни рӯзгор — чумча, табақ, кафлез ва ғ-ҳо метарошанд ва қисмҳои биноҳои фарҳангию ҷамъиятиро кандакорӣ мекунанд. Намунаҳои қадимтарини кандакории рӯи чӯб ба воситаи гулқалам дар Панҷакент ва Хатлон ёфт шудаанд, ки ба асрҳои 6-8 тааллуқ доранд. Ба воситаи гулқалам дар баробари кандани нақшу нигори маъмулии хӯшаи ангур, чалипо, нимдоира, чорбарг, барг, гул, тухм ва ғ. муҷассама ва дигар мавҷудоти хаёлӣ офарида мешуданд. Кандакории рӯи чӯби мақбараи Исмоили Сомонӣ (асри 10, Бухоро), рафҳои мақбараи Қуссам ибни Аббос (Самарқанд), айвони мақбараи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, меҳроби Искодар (асри 10, ноҳияи Айнӣ), мақбараи Шайх Муслиҳуддин (асрҳои 14-15, Хуҷанд) ва ғ. намунаҳои олии санъати кандакорӣ ба воситаи гулқалам мебошанд. Гулқалам дар санъати кандакории санг ва гач низ васеъ истифода мешавад.

Гулқаламро дар санъати кандакории муосири тоҷик низ истифода мебаранд. Қасри арбоб (Хуҷанд), чойхонаи «Роҳат» ва тарабхонаи «Тоҷикистон» дар Душанбе, чойхонаҳои «Исфара» (Кӯлоб) «Сино», «Ориё» ва «Ором» (Исфара), «Мавҷ» (Конибодом), «Бадахшон» (Хоруғ), «Хуррамшаҳр» (Данғара), «Кохи Наврӯз» дар лаби кӯли «Ҷавонон»-и ш. Душанбе, чойхонаи ш. Боулдери Амрико ва ғ. аз шоҳкориҳои муҳташами устоҳои кандакори тоҷик маҳсуб меёбанд, ки ба воситаи гулқалам кандакорӣ ва ороиш дода шудаанд.

Гулқалам, як навъ қалам, ки шаклаш ба ҷуволдӯзи дастакдор монанд аст. Нӯкаш андаке кунд. Онро оҳанқалам ва гулкаш низ мегӯянд. Гулқалам барои навиштан ва кашидани тасвирҳои нозук дар корд, лаълӣ, чилим ва дигар асбобҳои тилоӣ, нуқраӣ, оҳанӣ, мисӣ истифода мешавад. Маъмулан оҳангарон, мисгарон ва заргарон ба воситаи гулқалам бар дар, даста ё як рӯи корд, ханҷар ва ягон асбоби қиматбаҳо таърихи таҳия, калима, ибора, ҷумлаи супоришӣ ё байте ё ояте аз Қуръонро менависанд. Ба воситаи гулқалам дар шонаҳои занона, табақ, коса, қошуқҳои чӯбӣ ва ғ. Гуландозӣ ва қаламкашӣ мекунанд. Гулқалам яке аз асбобҳои асосии ҳаккокӣ мебошад.

  • Тоҳиров С. Кошикорӣ ва кандакории рӯи чӯб. Д., 2008;
  • Бачинский Н. М. Резное дерево в архитектуре Средней Азии. Л. 1947;
  • Юлдашев Х. А. Архитектурный орнамент Таджикистана. Альбом. М., 1957;
  • Воронина В. Л. Резьба по дереву в долине Исфары // Архитектурное наследство. № 18, 1969;
  • Негматов Н. Н. Резное панно дворца афшинов Уструшаны // Памятники культуры. Новые открытия. Ежегодник. М., 1976.