Гулқанд
Кишвари асл | |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гулқанд, гулшакар — доруест ширину гуворо.
Дар тибби Шарқ машҳур аст. Аз барги гули тару тозаи муаттари садбарги ҷойдорӣ тайёр мекунанд. Ду навъ мешавад: шакарӣ ва ангубинӣ. Қуввати гулқанди ангубинӣ то чаҳор сол ва гулқанди шакарӣ то ду сол маҳфуз мемонад. Тарзи тайёр кардани гулқанд чунин аст: гулбаргҳои тару тозаи садбарги ҷойдориро пеш аз тулӯи офтоб чида, дар зарфе мекӯбанд (ё аз гӯштқимакунак мегузаронанд), ба андозаи сечанд ё чорчанди вазни он шакар андохта, хуб дарҳам меомезанд, даҳони зарфро пӯшида чил рӯз дар офтоб мегузоранд. Баъзан барои хуштаъм шудани гулқанд ба он 4-5 барги заъфарон ҳам илова мекунанд. Табибони Шарқ гулқандро муқаввии меъда ва димоғ, ҷабандаи рутубат, ҳамчунин барои баъзе амрози гурда, сурфа, камқувватӣ, ибтидои дарди мафосил нофеъ медонанд. Гулқандро дар таркиби дигар давоҷот низ истифода мекарданд, мас., бо челону тухми карафс ҷӯшонда медоданд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулқанд / И. Раҳматов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.