Jump to content

Гулӯгоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулӯгоҳ — гузаргоҳи нисбатан борики об байни ду қитъаи хушкӣ, ки уқёнусу баҳр, кӯл ё қисмҳои онҳоро ба ҳам мепайвандад.

Масалан, гулӯгоҳи Беринг уқёнуси Яхбастаи Шимолиро бо уқёнуси Ором, гулӯгоҳи Бобулмандаб баҳри Сурхро бо уқёнуси Ҳинд пайваст мекунанд. Гулӯгоҳи аз ҳама дароз — Мозамбик буда, дарозиаш тақр. 1760 км ва гулӯгоҳи аз ҳама сербару амиқ — Дрейк, ки бараш 950 км, умқаш 5840 м мебошанд.