Гум кардани қобилияти корӣ
Гум кардани қобилияти меҳнатӣ — дар натиҷаи халал ёфтани як ё якчанд узви бадан ва ё бар асари бемориҳои гуногун аз даст додани тавони ҷисмонӣ ва неруи равоние, ки тавассути онҳо инсон фаъолият мекунад.
Таснифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Гум кардани қобилияти корӣ ба муваққатӣ ва доимӣ, комил ва ҷузъӣ тақсимбандӣ мешавад. Муваққатан гум кардани қобилияти корӣ чунин ҳолати организм аст, ки зуҳуроти беморӣ ё оқибатҳои ҷароҳатҳо шахсро аз фаъолияти касбӣ як муддати муайян боздошта, имконияти дар натиҷаи табобат бартараф гардидани онҳо вуҷуд дорад. Гум кардани қобилияти кории устувор чунин ҳолат аст, ки зуҳуроти беморӣ ва дар натиҷа халалдоршавии фаъолияти андомҳо ба анҷом додани меҳнати касбӣ монеа гашта, бо вуҷуди табобат хислати устувор касб мекунад. Ҳангоми комилан гум кардани қобилияти корӣ шахс муваққатан ё ба муддати тӯлонӣ имконияти иҷро кардани ягон намуди меҳнати касбиро аз даст медиҳад. Муваққатан ва қисман гум кардани қобилияти корӣ ҳамон вақт таъйин мегардад, ки шахс кори муқаррарии худро як муддат иҷро карда натавонад ҳам, бе расонидани зарар ба тандурустии худ фаъолияти меҳнатиро дар шароити мусоид бо анҷом додани кори сабуктар идома дода метавонад.
Дар ҳуқуқи ҷиноӣ вобаста ба дараҷаи қасдан расонидани зарар ба тандурустӣ, ки боиси гум кардани қобилияти корӣ гардидааст, он вазнин, миёна ва сабук дараҷабандӣ мешавад. Барои эътирофи дараҷаи вазнини расонидани зарар ба тандурустӣ яке аз нишонаҳои зерин ҳатмист: хавфнокӣ барои ҳаёт дар лаҳзаи расонидани зарар; гум гаштани қобилияти ягон узви бадан (биноӣ, шунавоӣ, суханронӣ ва ғ.); қатъ гардидани ҳомиладорӣ; гирифтор шудан ба бемории рӯҳӣ, нашъамандӣ ё токсикомания; падид омадани бадсуратии ислоҳнопазири рӯй; бад шудани вазъи тандурустӣ бо гум кардани на камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ; бад шудани вазъи тандурустӣ бо пурра гум кардани қобилияти кории касбӣ. Зарари миёна ба тандурустӣ зарарест, ки боиси бадшавии тӯлонии вазъи тандурустӣ ё ба таври устувору назаррас гум кардани камтар аз сеяки қобилияти меҳнатӣ мегардад. Бадшавии тӯлонии вазъи тандурустӣ дар ҳолате ҷой дошта метавонад, ки дар натиҷаи зарар шахс қобилияти кории худро зиёда аз се ҳафта гум карда бошад. Ба таври устувору назаррас гум кардани қобилияти корӣ ҳамон вақт ҷой дорад, ки шахс 10-30 дарсади қобилияти кориашро гум карда бошад. Нишонаҳои зарари сабук ба тандурустӣ ба муҳлати кӯтоҳ бад шудани вазъи тандурустӣ ва то андозае ба таври устувор гум кардани қобилияти корӣ мебошанд. Ба муҳлати кӯтоҳ бад шудани вазъи тандурустӣ ҳамон вақт ҷой дорад, ки шахс қобилияти кориашро ба муҳлати камтар аз се ҳафта аз даст дода бошад. То андозае ба таври устувор гум кардани қобилияти корӣ ҳамон вақт ҷой дошта метавонад, ки шахс қобилияти умумии кориашро ба миқдори то 10 дарсад гум карда бошад.
Гум кардани қобилияти корӣ яке аз асосҳои бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартнома (қарордод)-и меҳнатӣ дониста шудааст. Яъне, дар сурати ҳозир нашудани корманд ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи паёпай дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ корфармо метавонад бо ӯ шартнома (қарордод)-и кориашро бекор намояд. Ба муҳлати зикргардида рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд дохил намешавад. Шаҳрвандони мубталои бемории сил вазифадоранд бо дархости муассисаи тиббӣ муоина шуда, худро табобат намоянд. Муҳлати нигоҳдории ҷои кори корманди мубталои бемории сил ба муҳлати табобати ӯ вобаста буда, аз шаш моҳ то як сол муқаррар шудааст. Бо хоҳиши зан то ба синни якунимсола расидани тифлаш ба ӯ рухсатӣ дода ва дар ин муддат ҷои кори ӯ нигоҳ дошта мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», моддаи 42). Ҳамчунин барои кормандоне, ки ба сабаби осебёбии меҳнатӣ ё бемории касбӣ қобилияти кориашонро гум кардаанд, то барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё муқаррар гардидани маъюбӣ, ҷои кор (вазифа)-и онҳо нигоҳ дошта мешавад (Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 46).
Ҳолати муваққатан гум кардани қобилияти корӣ аз ҷониби муассисаи табобатӣ-беҳдоштӣ, халалдоршавии устувори қобилияти корӣ тавассути ташхиси тиббӣ-меҳнатӣ, дараҷаи вазнинии зарари ба тандурустӣ расонидашуда ва гум кардани қобилияти корӣ тавассути ташхиси судӣ-тиббӣ муайян карда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гум кардани қобилияти меҳнатӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1997;
- Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 9, Д., 1997;
- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1998;
- Богомолов Б. Большая медицинская энциклопедия. М., 2007.