Jump to content

Гунадҳия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гунадҳия
Таърихи таваллуд: номаълум
Таърихи даргузашт: номаълум
Навъи фаъолият: нависанда
Забони осор: санскрит[d]

Гунадҳия — шоири Ҳинди бостон. Асари ӯ «Бриҳаткатҳа» («Достони бузург», асрҳои 5-6 то м.) аз маҷмӯаҳои достонию афсонаҳои адабиёти мардумии Ҳинди Бостон ба шумор меравад.

Тибқи ривоёт, Гунадҳия ба забони қадимии пайшачӣ менавиштааст. «Достони бузург» бар асоси асари Кшемандра «Бриҳаткатҳаманҷарӣ» («Нақли достони бузург») навишта шудааст. «Достони бузург» («Бриҳаткатҳа») ба истиснои баъзе порчаҳо, ки дар баъзе маъхазҳо боқӣ мондааст, то замони мо нарасидааст. Китоби Сомадева «Уқёнуси достонҳо» дарбаргирандаи мазмуни «Достони бузург» аст. Мувофиқи маълумоти Сомадева Гунадҳия «Достони бузург»-ро дар ҷангал тӯли ҳафт сол бо хуни худ навиштааст ва он ҳафтсад ҳазор байтро дар бар мегирифтааст. Сипас шогирдони Гунадҳия Гунадева ва Нандидева пас аз машварат бо устод ин асарро назди шоҳ Сатаваҳана мебаранд. Гунадҳия худ дар боғе берун аз шаҳр мунтазири шогирдон мемонад. Аммо шоҳ аз он, ки «Бриҳаткатҳа» на ба санскрит, балки ба пайшачӣ навишта шудааст, ба хашм омада, онро намепазирад ва шогирдони Гунадҳия-ро аз дарбор меронад. Гунадҳия ранҷида, бо шогирдон ба ҷангал бозмегардад ва бар теппае оташ гиронда, ҳар варақи асарашро хонда, дар оташ сӯзондан мегирад. Танҳо пас аз илтиҷои шогирдонаш сад ҳазор байт насӯзонда мемонад. Сайёдони шоҳид ин манзараро ба шоҳ Сатаваҳана хабар медиҳанд. Шоҳ хоҳиш мекунад, ки ӯро зуд назди Гунадҳия баранд. Шоҳ аз саргузашти Гунадҳия ва сабаби ба забони пайшачӣ навишта шудани асарро шунида, аз кардаи худ пушаймон мешавад ва сад ҳазор байти боқимондаро гирифта, ба шаҳр мебарад. Ҳамин тариқ, асаре бо номи «Бриҳаткатҳа» дар таърихи адабиёти классикии Ҳиндустон барҷо монда, мақоми хоссе пайдо мекунад. Дар «Достони бузург» ё худ «Бриҳаткатҳа» саргузашти пурмоҷарои шоҳзода Нараваҳанадатта, писари шоҳ Удаяна, ки арӯси дуздидашудаи хеш малика Васавадатаро ҷустуҷӯ мекунад (ин персонажҳо дар адабиёти шифоҳию хаттии Ҳинд басо машҳуранд), дар моварои қиссаҳои аҷоибу ғароиб, басо дилчасп оварда шудаст. «Достони бузург» ҳамчун намунаи беҳтарини асари бадеӣ то имрӯз аҳаммияти хешро гум накардааст.