Jump to content

Гунбади Сайидон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдмон
Гунбади Сайидон
Кишвар
Макон Шаҳрисабз
Дата основания 1435

Гунбади Сайидон — мақбара, ёдгории меъморӣ дар Шаҳрисабз.

Бо амри Улуғбек соли 1435 дар шафати мақбараи Шамсиддини Кулол бино ёфтааст. Асоси чоркунҷа, ҳашттарк, устувона ва гунбаз дорад. Пештоқ ва қабати болоӣ хароб гардидааст. Аз қисми боқимондаи пештоқ маълум мешавад, ки он бо нақши гиреҳ оро дода шудааст. Устувонаеро, ки саросар кошикорӣ аст, хатти кӯфӣ (аз кошии сафед) зинат медиҳад. Дар дохили мақбара чор сағона мавҷуд аст, ки сетояш ба писарони Амир Абдулмаонӣ — Муҳаммад, Саид ва Маъруфхон мансуб мебошад. Яке аз сағонаҳо катиба надорад ва ба кӣ тааллуқ доштани он маълум нест. Деворҳо ва гунбази мақбара бо нақшҳои гиреҳ ва ислимӣ оро ёфта, фарши он бо гулгаҷи сафед рӯпӯш шудааст, ки аз маҳорату истеъдоди баланди наққошон гувоҳӣ медиҳад. Дар ин нақшҳо рангҳои кабуд, сурх, зард ва сафед бештар истифода шудаанд. Гунбади Сайидон шаклан ба мақбараи Қозизодаи Румӣ ва аз ҷиҳати услуби нигориши нақшҳо ба масҷиди Бибихоним ва мақбараи Шоҳи Зинда монанд аст.