Jump to content

Гунобегим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гунобегим

Гунобегим (форсӣ: گنابیگم‎) Олия Султонбегим, маъруф ба Гунои Даканӣ (гуно дар забони урду найшакар аст; фавт 1775) — шоири форсизабони Ҳиндустон, духтари Волаи До­ғис­тонӣ.

Зодгоҳаш Деҳлӣ. Устодаш дар шоирӣ шоирони дав­раш Мир Қамаруддин, Мирсӯз мутахаллис ба Мин­нат ва Мирзо Рафеи Савдо буданд. Тазкиранависон Гунобегимро чун шоири дорои табъи латифу зариф ва гӯяндаи шеър дар анвои гуногун ёд кардаанд. Ба забони урду низ шеър мегуфт. Аз девонаш иттилое нест. Намунаҳои ашъо­раш дар таз­кираҳои «Аз Робия то Парвин», «Тазкирату-л-хавотин», «Риё­зу-л-орифин», «Занони суханвар» ва ғ. сабт гардидаанд. Байти зерин аз ӯст:

То кашидӣ аз назокат сурмае дунболаро,
Шуд асои обнусе чашми бемори туро.