Гуногунандешии сиёсӣ
Гуногунандешии сиёсӣ, плюрализми сиёсӣ, гуногунандешии мафкураӣ — дар ҳуқуқи конститутсионӣ озодии маънавии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқи инсон барои пайравӣ ба ҳар гуна мафкура ва назарияи сиёсӣ.
Афкори гуногуни инсон фақат бо нукта ё мафкураи фарогири инсониятро хушбахткунандае маҳдуд намегардад. гуногунандешии сиёсӣ маҳдудияти лаёқати ақли инсонро барои ифодаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии олам дар як назария ислоҳ ва пурра карда, тақозо менамояд, ки бо ақидаҳои дигар муросо ва озодии афкор эътироф карда шавад. Рушди мунтазами илм дар бораи ҷамъият ба он овард, ки таълимоти гуногун маънидоди оламро ба худ ихтисос доданд, вале онҳо фақат дар маҷмӯъ қудрати худшиносии ҷомеаи инсониро таъмин карда метавонанд. Бар хилофи чунин иддиоҳо, ҳар гуна кӯшиши ихтирои назарияи фарогир ва ҳатмӣ гардонидани он, гузашта аз ин, дар асоси чунин назария азнавсозии олам боиси зӯроварӣ нисбат ба инсон, пайдоиши реҷаҳои истибдодӣ, ҷанг ва таъқибот гаштанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд гуногунии мафкуравиро ҳамчун ҳолати воқеӣ қабул менамояд, ба зӯр дигар кардан, тағйир додани вазъиятро, ки ба давлати тоталитарӣ хос аст, рад мекунад.
Дар марҳалаи муосир дар конститутсияи аксари давлатҳо гуногунандешии сиёсӣ тавассути ҳуқуқу озодиҳои дахлдори инсон ва шаҳрванд эътироф карда мешавад. Тибқи усули гуногунандешии сиёсӣ на конститутсия, на қонунҳо ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ набояд бевосита ё бавосита мафкураеро ба гунаи расмӣ ва ҳукмрон тасдиқ ва барқарор намоянд. Ин усул ҳуқуқи ҳар як инсон, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро барои коркард, омӯзиш ва ташвиқи озодонаи ғояҳо, назарияҳо ва консепсияҳо дар бораи сохтори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеаи инсонӣ, таҳияи пешниҳодҳо ба ҳокимият ва ҷомеа, расман ҳифз кардани ақидаҳо ва афкори худ ифода менамояд. Давлат барои монеъ шудан ва бартарӣ додани яке нисбат ба дигаре ҳуқуқ надорад. Афкори инсон набояд маҳаки ҷалби шаҳрванд барои хидмат дар дастгоҳи давлатӣ ва артиш бошад. Аз ин рӯ, гуногунандешии сиёсӣ баёнгари усули бетарафии мафкуравии сохторҳои давлатӣ аст, вале ин чунин маъно надорад, ки фаъолияти ниҳоди ҳокимиятӣ ҳеч дастури мафкуравиро ифода намекунад. Ҳар як ҳизби ба сари ҳокимият омада барномаи худро дорад, ки он дорои асоси назариявӣ буда, мафкураи муайянро инъикос менамояд. Сохторҳои ҳокимиятӣ ва шахсони мансабдори олӣ ногузир ба мафкураи худ бартарӣ медиҳанд. Вале усули бетарафии мафкуравӣ тақозо мекунад, ки ин ҳолат боиси берун кардани дастурҳои мафкуравии дигар (ба ғайр аз қонун манъкарда) аз ҳаёти ҷамъиятӣ, итоати мафкуравӣ тавассути чораҳои таъсиррасонии давлатии воситаҳои ахбори омма, низоми таълимӣ ва ғ. нагардад.
Асоси конститутсионии гуногунандешии сиёсӣ дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 8) муқаррар шудааст, ки мувофиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Дар ҳамин замина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ ташкил ёфта, амал мекунанд. Аммо гуногунандешии сиёсӣ номаҳдуд нест. Табиист, ки аз озодии афкор ва сухан суиистеъмол мекунанд, дар натиҷа ҳар гуна назарияҳои зиддиахлоқӣ ва зиддиинсонӣ пайдо мешаванд. Бинобар ин, таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯр сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ карда шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гуногунандешии сиёсӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1994;
- Баглай М. В., Туманов В. А. Малая энциклопедия конституционного права. М., 1998.
- Конституционное право. Энциклопедический словарь. М., 2001. А. Имомов.