Гуногунбаргӣ
Гуногунбаргӣ, гетерофиллия (от юн. ἕτερος — «гуногун» ва φύλλον — «барг») — вуҷуд доштани баргҳои гуногуншакл дар як рустанӣ ё навдаҳои он.
Гуногунбаргӣ асосан дар рустаниҳои обӣ (мас., найзабарг, чинорак, баъзе обсабзҳо) мушоҳида мешавад. Дар онҳо баргҳои зериобӣ аз баргҳои рӯиобӣ куллан фарқ мекунанд. Гуногун будани барг барои ба шароити номусоиди зист мутобиқ шудани рустаниҳои обӣ муҳим аст. Масалан, баргҳои зериобии ин гуна рустаниҳо, ки чокҳои амиқ доранд, гази карбонати дар об ҳалшударо хеле хуб меҷабанд. Гуногунбаргӣ дар рустаниҳои хушкӣ (мас., тут, баъзе намудҳои эвкалипт, гули печак ва ғ.) низ дучор омада, асосан ба тағйироти синусолии онҳо алоқаманд аст. Чунончи, баргҳои шохчаи наврустаи тути бесамар чокҳои дарозрӯя дошта, баргҳои навдаи нисбатан куҳнаи он байзашакли паҳн мебошанд. Баргҳои баъзе рустаниҳо вобаста ба вазифа низ гуногун мешаванд. Мас., баргҳои аввали платитсериум ном сарахси тропикӣ косашакл буда, дар даруни онҳо аз баргу шохчаҳои пӯсида қабати хок ҳосил мешавад, ки минбаъд барои рушди решаҳои ҳавои (иловаги)-и сарахс мусоидат мекунад; баргҳои дигари платитсериум дарозрӯя буда, барои мубодилаи моддаҳо муҳимманд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гуногунбаргӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Недуха А. М. Гетерофиллия у растений. Киев. 2011.