Гунё
Гунё, гуниё — абзори қадимии ҳандасии дуредгарони Осиёи Миёна, ки ҳамчун ҷадвал истифода мешуд.
Бо он дуредгарон ва сохтмончиён ростию каҷии иморат ва дару тирезаҳоро муайян мекунанд. Шаҳрҳои қадимии Хуросону Мовароуннаҳр ёдгориҳои меъмории бисёр дошта, дар онҳо аксар аз маводди хотамкорӣ, мармар ва масолеҳи сирдор фаровон истифода мебурданд. Қобилияти усто дар он зоҳир мегашт, ки барои ороишу нақшунигор аз асбобҳои зарурӣ то чӣ андоза моҳирона истифода мебурд (аз қабили паргор, гурсумба, ҷадвал ва ғ.). Афзорҳои мазкурро бештар аз мису тило сохта, ҳаккокӣ менамуданд. Тавассути ин асбобҳо меъморон ва дигар устодони санъати ороишию амалӣ нақшаҳои сохтмонҳои пешбинишуда, унсурҳои меъморӣ, нақшунигор, тасвироти ҳандасию ороиширо мекашиданд. Як навъи гунёи секунҷаи мисин (ба андозаи 20 см) назди устои кандакори бухорӣ Ҳамроҳ Маъруфов (Ҳоҷибобо) маҳфуз буд. Гунё андозаи тақсимот надошта, танҳо аз як тараф барҷастагӣ дошт, ки ин ба усто имкон медод онро ҳар навъе хоҳад, ҳамон тавр гузорад. Усто метавонист он-ро дар кунҷи тахтаи ҳамвор ё майдони унсурҳои меъморӣ (чорчӯб, зеҳтахта, болор, сутун ва ғ.) гузошта, ба тарафи лозим ҳаракат диҳад. Дар ҷараёни кор усто тавассути гунё ба осонӣ нуқта ва хатҳои лозими кандакори-ро мегузошт. Аксаран гунё вазифаи ҷадвали калони нақшакаширо низ адо мекард. Гунёи ҳозира, ки яке аз кунҷҳои он 900 мебошад, ду тараф ва ду кунҷи корӣ дорад. Андозаи як тарафи он аз 50 то 200 мм ва тарафи дигараш аз 32 то 1250 мм мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гунё / М. Рӯзиев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Д., 1988