Гург

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Гург
Canis lupus 265b.jpg
Таснифоти илмӣ
Номи байналмиллалии илмӣ

Canis lupus Linnaeus, 1758

Зернамудҳо
Ниг. ба матн
Паҳншавии зернамуди гургҳо

акс

Мақоми ҳифз
Wikispecies-logo.svg
Систематика
дар Викинамуд
Commons-logo.svg
Акс
дар Викианбор
ITIS   180596
NCBI   9612
EOL   328607
FW   44860
Маркаи почтаи СССР 1988 с. бо акси гург

Гург, ё гурги хокистаранг, ва ё гурги муқаррарӣ[1] (лотинӣ: Canis lupus) — навъ (зот)-и ҳайвоноти ширхор аз оилаи саг (Canidae). Қатори гурги даштӣ (Canis latrans) ва шағол (Canis aureus) наонқадар насли гургро (Canis) ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, чӣ тавре, ки натиҷаҳои таҳқиқоти последовательности ДНК ва дрейф генов нишон медиҳад, мустақиман аз насли сагҳои хонагист, ки муоинаҳояш ҳам одатан мисли ҷинси фаръии гург (Canis lupus familiaris) аст. Гург яке аз ҳайвони бениҳоят калони замонавӣ дар оилаи худ аст: дарозии танаш (бе ҳисоби думаш) мумкин то 160 см дароз шавад, дарозии думаш — то 52 см, қадаш то 90 см; вазни ҷасадаш мумкин то 80 кг. расад.

Махсусан узвҳои шомма сомеаи Гург нағз инкишоф ёфтаанд. Аз саг бо танумандӣ, сари дарозруя, гушҳои нуктези рост, ҷоғу дандонҳои калон, пойҳои боқувват ва думи фаххаи овезонаш фарқ мекунад. Гургҳо 10 - 12 навъ мешаванд. Дар Тоҷикистон гурги даштӣ ва гурги тибетӣ мавҷуд аст. Ҳангоми парвариши бачаҳояш дар лона зиндагӣ карда, дигар вақтҳо оворагардӣ мекунад. Хурокаш ҳайвоноти вахшӣ ва хонагӣ, аз қабили заргӯш ва дигар хояндаҳо, хазандаҳо, саг, парранда ва ғайраҳо мебошад. Гург 15 - 16 сол умр мебинад.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Соколов В. Е. Пятиязычный словарь названий животных. Млекопитающие. Латинский, русский, английский, немецкий, французский. / под общей редакцией акад. В. Е. Соколова. — М.: Рус. яз., 1984. — С. 94. — 10 000 экз.