Jump to content

Гургаки ало

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гургаки ало — як навъи харбуза. Асосан дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, инчунин вилояти Хоразми Узбакистон кишт мекунанд.

Самараш баъди 100—105 рӯзи кишт мепазад. Ҳар палакаш 2-3 харбуза мебандад. Шаклаш кулӯла, тухммонанд; қутраш 20-40 см, вазнаш 5-9 кг. Пӯсташ ҳамвор, ғафси сахт, тӯри нисбатан зич ё рахҳои ноаёни дароз ва нақшҳои ҳалқамонанди сабз дорад. Рангаш сафеди хокистарӣ. Мағзаш ғафс (7-9 см)-и сафед, сершира ва хуштаъм. Таркибаш 7,2-11 % қанд (5,2-7,8 % сахароза) ва 9,3-12,4 % моддаҳои хушк дорад. Тухмпаллаҳояш калони дароз, сафеди тира. Аз ҳар га 350—370 сентнер ҳосил меғундоранд.