Jump to content

Гургаки сиёҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гургаки сиёҳ — як навъи харбуза.

Баъди 85-90 рӯзи кишт мепазад. Ҳар палакаш 2-3 харбуза мебандад. Шаклаш кулӯла, қутраш 25-30 см, вазнаш 6-7 кг. Пӯсташ ғафс, суфта, тӯрҳои пароканда дорад. Рангаш сабзи сиёҳтоб. Мағзаш ғафс (6-8 см), сафеди сабзча, сероб ва ширин; 7-8 % қанд (аз ҷумла 5,7-6,9 % сахароза) ва 7,9-9,1 % моддаҳои хушк дорад. Аз ҳар га 380—400 сентнер ҳосил меғундоранд. Барои нигоҳ доштан ва ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ нест, зеро баъди аз палак кандан мағзаш зуд пӯла (мулоим) мешавад.