Гургбозӣ
Гургбозӣ, гургакбозӣ — як навъ бозии анъанавии бачагон, ки дар байни мардуми водии Қаротегину Дарвоз, Яғноб ва навоҳии Бадахшон маъмул мебошад.
Бозӣ дар фасли зимистон дар болои боми хонаҳо ва дар фаслҳои дигар дар боғчаву майдонҳо барпо мешуд. Сардори бачаҳо як нафарро нақши гург қарор дода, ду нафари дигарро — саг ва боқимондаҳоро — гӯсфанд таъйин мекард. Гург ба ду чаккаи сараш ду тоқии печонидашударо мебаст, ки онҳо ба гӯш монанд мешуданд. Ӯ ҷомаеро пӯшида, доманҳояшро қат карда, ба қафо мебурд ва бо ин тарз думи гургро тасвир мекард. Гӯсфандон ба ҳамдигар ҷафс нишаста, гоҳ-гоҳ баос мезаданд. Каме дуртар аз гӯсфандон рамабон мехобид, ки нақши онро худи сардор иҷро менамуд. Сагҳо аккос зада, ба ҷустуҷӯи қути худ баромада, ҳар сӯ мераванд. Ҳамин вақт гург пайдо шуда, гӯсфандонро як-як бурдан мегирад. Гӯсфандони дигар ноором шуда, баланд баос мезананд. Чӯпон бедор шуда, сагҳоро фарёд мекунад ва чун ҳама ҷо ором шуд, боз ба хоб меравад. Сагҳо ҳушёрона рамаро посбонӣ мекунанд. Боз гург пайдо мешавад. Ин дафъа шикори вай барор намегирад: чӯпон бедор шуда, гургро таъқиб мекунад ва бо чӯб ӯро мезанад. Сагҳо низ ба гург дармеафтанд.
Ин бозӣ бо номҳо ва навъҳои гуногун дар байни мардуми кӯҳистон маъмул аст. Онро дар баъзе деҳоти Рашту Тавилдара даҳмардабозӣ, галабозӣ, дар Ванҷу Ишкошим ва Вахон гургакбозӣ меномиданд. Дар нусхаи Г.-и бачагони Ванҷ, гург гӯсфандонро як-як дуздида мебарад ва гӯсфандони рабудашуда ба гург табдил меёбанд. Дар Тавилдара ба ҷои гург гӯсфандҳоро дузд мерабояд. Вақте ки чӯпон дуздро медорад, ба рӯяш туф мекунад. Дар нусхаи гургакбозии мардуми Ишкошиму Вахон гург гӯсфандонро ба хонааш бурда пинҳон мекунад. Гӯсфандон бо даст ишораи чархаи ресандагиро карда, мегӯянд: бофам, бофам, ба гург кафан мебофам. Чӯпон гӯсфандонро ҷустуҷӯ карда, ба хонаи гург меравад ва нишони гӯсфандонро мепурсад. Гург ба вай ҷойҳои гуногунро нишон медиҳад ва чӯпон чӣ қадар гӯсфанде, ки дошт, ҳамон қадар сангчаро аз ҳамон ҷойҳо меорад ва гург гӯсфандҳоро бозпас медиҳад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гургбозӣ / Д. Раҳимов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Андреев М.С., Половцов А. А. Материалы по этнографии иранских племен Средней Азии. Санкт-Петербург, 1911;
- Пещерева Е. М. Игрушки и детские игры у таджиков и узбеков (по материалам 1924—1935). СМАЭ. Т. XVII. М. — Л., 1957;
- Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып. 3. Д., 1976.