Jump to content

Гургонрӯд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гургонрӯд
  Координатаҳо [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]]
Мавқеъ
Гургонрӯд
дар Викианбор

Гургон (форсӣ: گرگان‎) — дарё дар шарқи Эрон.

Дарозиаш 251 км. Аз кӯҳҳои Туркмани Хуросон сарчашма мегирад. Манбаи асосиаш барфу борон. Ҳамвории Гургонро бурида мегузарад ва ба баҳри Хазар (Каспий) мерезад. Дар фаслҳои зимистону баҳор пуроб мегардад. Барои обёрии заминҳои кишту боғзорҳо истифода мешавад. Дар резишгоҳи он моҳигирӣ равнақ дорад. Дар маъхазҳои арабӣ рӯди Тайфурӣ ва оби Ҷурҷон номбар шудааст. Дар рӯйи Гургон пули оҷурӣ (хиштӣ), пули хиштии Паҳлавидиж, пули чӯбини Амчалӣ, пули чӯбини Басиробод ва пули навбунёди Хоҷа Нафис бунёд шудаанд. Инчунин дар Гургон сарбанди Вушмгир сохта шудаст.