Jump to content

Гургон (сарзамин)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Гургон
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гиркания (юн.-қад. Ὑρκανία аз порсии бостон 𐎺𐎼𐎣𐎠𐎴 Varkāna — «Сарзамини гургҳо») — минтақаи таърихӣ дар соҳилҳои ҷанубу ғарбии баҳри Хазар. Г. аз шимолу ғарб бо баҳри Хазар ва Мод, дар шарқ бо Марғиён, дар ҷануб бо Порт ҳамсарҳад буд. Дар катибаи Бесутун бо номи Варкон ё Варкона ва дар Вандидод ба шакли Виҳаркона омадааст. Истилоҳи Г. дар забони қадими форсӣ ба маънои «сарзамини гургҳо» истифода шуда, мавзеи ҷангалзори дорои ҳайвоноти ваҳшии зиёдро ифода мекард. Г. ибтидо ҷузъи Мод буда, аз давраи ҳукмронии Дорои I ба давлати Ҳахоманишиён ҳамроҳ шуд ва бо Порт ба ҳайати як сатрапия дохил мешуд. Дар арафаи ҳуҷуми юнониҳо ба Эрон ш. Задракарта (Астаробод) маркази Г. буд, ки аз ҷониби Искандари Мақдунӣ ишғол шуд. Г. аз давраи ҳукмронии Ашкониён аз Порт ҷудо гашта, аз ҷониби шоҳзодагон идора мешуд. Сарҳадди Г. дар нимаи дуввуми асри 1 м. тақр. дар ғарб то Қумис (Қумиш), дар ҷануб то минтақаи маскунии сакоиҳои Сиистон тӯл кашида, аксари сокинонаш бодиянишин буданд. Дар осори таърихнигорони юнонӣ баҳри Хазар ба хотири Г. баҳри Гиркания зикр шудааст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]