Jump to content

Гуроз (кӯза)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гуроз — як навъи кӯзаи паҳну хурди сафолӣ бо гардани дарозу борик, ки дар байни мардум бо номи ғулғулак ё қилқилак маъмул буд. Мусофирон ба хотири сард нигоҳ доштани об ва нашикастанаш гурозро андаруни ғилоф нигоҳ медоштанд.

Бо неъмати тамом ба даргоҳат омадам,
Имрӯз бо гурозеву чӯбе ҳамеравам.

Фохир