Гурӯҳ
Ягонҳои низомӣ | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
Рада | 2—5 | Радабон |
Гурӯҳ | 5—10 | Гурӯҳбон |
Таҳм | 10—50 | Таҳмбон |
Вашт | 50—150 | Сарвашт |
Гурдон | 150—700 | Саргурд |
Ҳанг | 700—1 500 | Сарҳанг |
Гунд | 1 500—5 000 | Гундсолор |
Лашкар | 5 000—20 000 | Лашкарсолор |
Сипоҳ | 20 000—40 000 | Сипаҳсолор |
Артиш | 40 000 + | Артишсолор |
Гурӯҳ (форсӣ: «گروه») – ягоне тактикӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ, ки аз ду рада (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст[1]; отделение[2].
Вожашиносӣ[вироиш]
«Гурӯҳ» (форсӣ: گروه[3] > порсии миёна: grōh[4] > эронии бостон: *vi-rauda-[5]) ба маънии «дастае аз сипоҳиён, лашкариён, ҷанговарон» дар «Шоҳнома» бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:
Ин вожаро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии Артиш ҳамчун истилоҳи низомӣ барои номидани бахше аз даста тасвиб кардааст. Ҳамзамон истилоҳи «гурӯҳбон» (форсӣ: «گروهبان») низ бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинӣ ба маънои «фармондеҳи гурӯҳ» тасвиб шуд[7].
«Гурӯҳбон» ҳамакнун яке аз дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва баробар бо «сержанти калон» дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст[8]. Аз рӯи ин истилоҳ вожаҳои «саргурӯҳбон», «гурӯҳдор» ва «гурӯҳвар» сохта ва барои ҷойгузин кардани дараҷаҳои низомии «старшина», «сержант» ва «сержанти хурд» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[9].
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 161
- ↑ Коллектив авторов. Том 6, статья «Отделение» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — С. 181. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.
- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 297.
- ↑ MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2385.
- ↑ Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 15
- ↑ Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38
- ↑ Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. — 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной