Гурӯҳи миллӣ
Зоҳир
Гурӯҳи миллӣ — қисми аҳолии ғайритаҳҷоӣ, ки бо миллату халқиятҳои худ алоқаҳои қавии иҷтимоию қавмӣ надорад ва дар бисёр ҳолатҳо муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо хосияти тасодуфӣ ва лаҳзаина доранд.
Ин муносибатҳо дар доираи ягон масъала пайдо шуда, боз қатъ мегарданд. Тадриҷан хусусиятҳо ва хислатҳои миллию этникии гурӯҳи миллӣ заиф гардида, он бештар ба сӯи равандҳои ассимилятсионӣ майл менамояд. Махсусан дар замони инкишофи мутаносиб гурӯҳи миллӣ ба умумиятҳои миллию этникии таҳҷоӣ омехта мегардад. Чунин ҳолатро қатъшавии робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсӣ бо халқ ва ё миллати худӣ метезонад. Ҷиҳати умумии гурӯҳи миллӣ бо умумияти миллию этникии худӣ фақат баъзе хосиятҳои этникӣ ба шумор меравад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гурӯҳи миллӣ / Г. Зокиров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.