Jump to content

Гурӯҳи молиявӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гурӯҳи молиявӣ — гурӯҳе, ки дар он чанд корхона, ширкат ва ё якчанд оилаи алоҳида захираҳои молиявии худро ба мақсад ва манфиатҳои хеш муттаҳид менамоянд.

Муттаҳидкунии захираҳои молиявӣ ба мақсади амалӣ кардани сармоягузориҳои калон ё барои баланд бардоштани сатҳи таҳрики сармоя созмон дода мешавад. Ҳамчунин ба мақсади ба даст овардану устувор намудани вазъи иқтисодӣ ташкил карда мешаванд. Иттиҳодҳои калонтарини молиявию саноатӣ дар асоси созиши якчанд оила ё гурӯҳ дар охири асри 19 ва аввали асри 20 арзи вуҷуд карданд. Дар аввали солҳои 90 асри 20 дар ИМА 30 гурӯҳ, дар Британияи Кабир ва Фаронса — 10 гурӯҳ ва дар Ҷопон 7 гурӯҳи молиявӣ фаъолият мекарданд. Соли 2011 олимони Институти федералии Сюрих 43000 ширкати фаромиллиро мавриди таҳқиқот қарор доданд. Дар натиҷа маълум шуд, ки ҳамагӣ 147 нафар олигарх 60 дарсади ММД-и ҷаҳонро дар даст доранд. Фақат дар қисмати куҳнаи шаҳри Женева, ки дар он ҷо бонкҳои қадимтарини дунё ҷойгиранд, 4,4 трлн доллар ё 3 дарсади пулҳои ҷаҳон дар амонат ва гардиш мебошанд.