Jump to content

Гурӯҳи фишоровар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гурӯҳи фишоровар — иттиҳодияи ҷамъиятии нисбатан маҳдуд, ки бо роҳи таъсиррасонии мақсаднок ба мақомоти гуногуни ҳокимият манфиатҳои хешро қонеъ мегардонад.

Гурӯҳи фишоровар дар тамоми давраҳои инкишофи ҷомеъа мавҷуд буд, аммо бештар дар шароити инкишофи иқтисодиёти бозоргонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол гардид. Аксаран, фаъолияти гурӯҳи фишоровар тавассути воситаҳои сиёсию ҳизбӣ, мақомоти қонунбарор, намояндагони ҳокимият, намояндагии иҷтимоии сатҳи гуногун, бюрократияи муташаккил ва истифодаи васеи афкори умум амалӣ мегардад.

Ҳадафи асосии гурӯҳи фишоровар бо роҳҳои гуногун муваффақ гардидан ба қабули қарори дилхоҳ мебошад. Маъмулан, фаъолияти гурӯҳи фишоровар чандон дурудароз набуда, баробари дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаи мушаххас қать мегардад. Гурӯҳи фишоровар бештар дар замони инкишофи номутаносиби ҷомеа, махсусан, дар давраи буҳронҳо ва гардишҳои сиёсӣ ташаккул меёбад. Гурӯҳи фишоровар на танҳо ба маъмурон, амалдорони давлатӣ, сарварони сиёсӣ фишор меорад, балки ниҳодҳои гуногуни давлатию ҷамъиятиро маҷбур месозад, ки дар ҳалли масъалаҳо гузашт ва созиш намоянд. Ниҳодҳои бузурги сиёсию ҷамъиятӣ низ гоҳе гурӯҳи фишороварро ташкил карда, бо истифода аз хидмати гурӯҳи фишоровар ба ҳадафҳои сиёсии худ наздик мешаванд, ба гурӯҳи фишоровар маслиҳатҳо ва супоришҳо дода, фаъолияти онро идора менамоянд.