Гутҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гутҳо, Готҳо (гутӣ: 𐌲𐌿𐍄𐌸𐌹𐌿𐌳𐌰, Gutþiuda; лот. Gothi, Got(h)ones, — Гутонҳо; юн.-қад. Γόθοι, Gonthi)[1] — иттиҳоди қабилаҳои олмониҳои шарқӣ, ки то асри 8 дар таърихи Аврупо нақши бузург доштанд. Маҳалли ташаккулёбиашон Скандинавия буд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ибтидои солшумории милодӣ гутҳо аз ҳудудҳои Шветсия ва канораҳои баҳри Балтика ҳаракат карда, дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ ва д. Дунай сокин шуданд. Аз асри 2 гутҳо дар поёноби д. Висла маскан гирифта, зери таъсири қабилаҳои скифу сарматӣ раванди ташаккулёбиашон густариш ёфт. Дар давраи Муҳоҷирати бузурги халқҳо (асрҳои 4-7) гутҳо зери фишори вандалу ругиҳо аз ҳудудҳои Лаҳистони имрӯза ба самти баҳри Миёназамин ҳаракат карданд. Аз давраи ҳукмронии император Марк Аврелий (161—180) нахустин тохтутози гутҳо ба сарҳадҳои шимолу шарқии Руми Ғарбӣ оғоз шуд. Аз солҳои 30 асри 3 гутҳо ба ду шоха ҷудо шуданд: готҳои шарқӣ (остготҳо) ва ғарбӣ (вестготҳо) ва минбаъд дар баробари дигар қабилаҳои барбарӣ ба империяи Рум ҳуҷум карда, дар тӯли сад сол ҳудуди онро ишғол карданд. Дар аҳди император Филимер гутҳо ба сарзамини имрӯзаи Украина ҳаракат карда, давлати Ойумро таъсис доданд. гутҳо дар асри 4 зери фишори гунҳо (баъди шикасташон аз Аттила), қисман ба Балкан ва Қрим муҳоҷират намуданд. Гутҳои ғарбӣ тибқи шартномаашон бо Константини I (306—337) муҳофизати сарҳадҳои империяи Румро дар Дунай ба уҳда гирифтанд (332). Баъдан гутҳои ғарбӣ зери фишори гутҳои шарқӣ ва гунҳо бо иҷозати император Валенти I (364—378) аз д. Дунай гузашта, дар Галлия сокин шуданд. Баъдан гутҳо дар Галлия аз муносибати хушунатомези ашрофи маҳаллӣ ба танг омада, муборизаро ба муқобили империя оғоз карданд ва баъди шикасти лашкари Руми Ғарбӣ, император Валентро ба қатл расониданд. Сипас аз ҷониби император Феодосий (379—395) барои гутҳои шарқӣ дар Дунай ва Балкан замин ҷудо карда шуд (соли 382), вале ҳуқуқи бо румиҳо хонадор шуданро надоштанд. Гутҳои шарқӣ баъди таҷзияи империяи Рум (соли 395) дар ҷанги байни бародарон — Аркадий ва Гонорий дуввумиро пуштибонӣ карданд. Дар ибтидои асри 5 гутҳои шарқӣ баъди ҳуҷум ба Итолиё (соли 409), ш. Римро ишғол карда (24.3.410), дар ҷанубу ғарбии Галлия аввалин давлати қабилаҳои германиро ташкил доданд (418), ки пойтахташ аввал Тулуз ва баъд Толедо буд. Соли 493 гутҳои шарқӣ зери фишори франкҳо аз Аквитания хориҷ шуданд. Давлатҳои ташкилкардаи гутҳои шарқӣ дар Итолиё аз ҷониби император Юстиниан (555) ва шоҳии гутҳои ғарбӣ дар Испания аз ҷониби Тариқ ибни Зиёд барҳам дода шуданд. (711-18) гутҳо дар Аврупои Ғарбӣ бо румиҳо омезиш ёфта, унсурҳои тамаддуни Румро қабул карданд. Гутҳои ғарбӣ дар Испания 2-3 дарсади аҳолиро ташкил карда, солҳои 587-89 равияи арианизми дини масеҳиро қабул карданд. Забонашон ба шохаи забонҳои германиҳои шарқӣ дохил шуда, бо туфайли Улфил соҳиби хат ва мақоми адабӣ гардид. Ҳоло забони готӣ аз байн рафтааст, вале нишонаҳои он дар таркиби луғавии забонҳои романӣ боқӣ мондаанд. Дар Қрим то асри 17-18 забони готӣ вуҷуд дошт. Гутҳои ғарбӣ ба ғайр аз худои ҷанг — Тир, ба худои д. Дунай эътиқод дошта, дар маросими бастани аҳднома ба номи онҳо савганд ёд мекарданд. Яке аз усқуфҳои гутҳо — Улфил солҳои 350—383 Библияро ба забони готӣ тарҷума кард, ки то имрӯз баъзе қисмҳояш боқӣ мондаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]