Гуфтугӯи тамаддунҳо
Гуфтугӯи тамаддунҳо, муколамаи тамаддунҳо — раванди баҳрагирӣ ва баҳрапазирии тамаддунҳо аз ҳамдигар, ки зиддиятҳо ва ҷангҳои байналмилалиро аз байн бурда, ҳамкорию ҳамзистии осоиштаи умумибашарӣ, сулҳу амният ва бақои ҳаётро дар рӯйи замин таъмин менамояд.
Ҳадафҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳадафҳои гуфтугӯи тамаддунҳо: мусоидат ба иштироки ҳамагон дар баробарҳуқуқӣ, баробарӣ, адолат ва таҳаммулгароӣ дар муносибати байни одамон; таҳкими якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн бо роҳи ҳамкории байни тамаддунҳо; ривоҷу равнақ бахшидани донишҳо ва дарки бойгарию ҳикмати ҳамаи тамаддунҳо; ошкорсозӣ ва ҳавасмандгардонии ҳар чизе, ки тамаддунҳоро баҳри аз байн бурдани таҳдидҳои ҳамагонӣ барои арзишҳои ягона, таҳкими ҳуқуқҳои куллии инсон ва дастовардҳои инсонӣ дар соҳаҳои мухталифи фаъолияти башарият муттаҳид месозад; ҳавасмандсозӣ ва ҳимояи озодию ҳуқуқҳои инсон; таҳкими арҷгузорӣ ба гуногунрангии фарҳангӣ ва мероси фарҳангӣ; мусоидат ба фаҳмиши амиқтари меъёрҳои умумии этникӣ ва арзишҳои умумибашарӣ.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Гуфтугӯи тамаддунҳо аз даврони бостон ҷараён дошта, хусусан, тамаддуни Ориёнои Бостон ба тамаддуни Юнони Бостон таъсири бунёдӣ гузоштааст, ки он ҳам дар тафаккури фалсафӣ, ҳам дар ҳунар, ҳам дар низоми ҳарбӣ ва дигар ҷабҳаҳои фарҳанги Юнон равшан аст. Дар ин раванд баҳрарасонии ҷаҳонбинии динии адёни бостонии ориёнӣ ҳам дар Инҷил ва ҳам дар дигар китобҳои муқаддас мушоҳида мешавад. Фарҳангҳо ва тамаддунҳои мухталиф дар тӯли таърих чи ба шеваи мусолиматомез ва чи ба сурати ҷангу низоъ бо ҳамдигар муносибат доштаанд. Онҳо алҳол ба марҳалаи наве ворид шуда, барои ҳифзи мероси арзишманди фарҳанги умумибашарӣ иқдом намуданд. Ҷомеаҳои хурду бузург ҳар кадом метавонанд дар ин тамаддуни ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд. Гуфтугӯи тамаддунҳо барои сохтани ҷомеае зарур аст, ки он бар меъёрҳои эҳтиром ба ҳуқуқҳои асосии инсон ва раҳоии ӯ аз гиреҳҳои дунёи имрӯза нигаронида шудааст. Ғояи гуфтугӯи тамаддунҳо нахустин бор соли 1936 дар Эрон матраҳ шуда, дар Теҳрон муассисае таҳти унвони «Гуфтугӯи фарҳангҳо» таъсис ёфт. Ин муассиса пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ аз фаъолият бозмонд, вале бори дигар соли 1998 бо ташаббуси Президенти Эрон Саидмуҳаммади Хотамӣ дар Иҷлосияи Сарони Созмони Конфронси исломӣ дар Теҳрон ва сипас дар дувоздаҳумин Иҷлосияи Сарони Ҷунбиши адами тааҳҳуд дар Дурбони Африқои Ҷанубӣ (1998) матраҳ гардида, сентябри 1998 аз ҷониби СММ ба тасвиб расид, сипас соли 2001 «Гуфтугӯи тамаддунҳо» номгузорӣ шуд.
Инсоният ҳар чи бештар дарк карда истодааст, ки тамаддунҳои гуногуни ҷаҳони муосир метавонанд ва бояд ҳамзистии осоиштаву ҳамкории дӯстона дошта бошанд, якдигарро пурра ва такмил намоянд, муносибатҳои яктарафаро дар сиёсат ва фарҳанг бартараф созанд. Яке аз воситаҳои бисёр муътабар ва устувор барои пешбурди гуфтугӯи тамаддунҳо ва алоқаи байни тамаддунҳо илм мебошад. Дар гуфтугӯи тамаддунҳо пеш аз ҳама ғояҳои солим ва арзишҳои бузурги фарҳангӣ қобили қабул ва муътабар мебошанд, ки дар хидмати як қавму миллат не, балки дар хидмати кулли инсоният қарор мегиранд.
Гуфтугӯи тамаддунҳо барои ҳалли дурусти амалию воқеии буҳронҳои умдатарини ҷаҳони муосир (буҳрони оилавӣ, буҳрони экологӣ, буҳрони ахлоқӣ, бахусус дар муносибат бо баъзе таҳқиқоти илмӣ, буҳрон дар муносиботи сиёсии байналмилалӣ) мусоидат менамояд.
Ду роҳи татбиқи амалии гуфтугӯи тамаддунҳо вуҷуд дорад:
- таъсири мутақобили тамаддунҳо пайваста ва ба сурати табиӣ ҷараён ёфта, аз иродаву хоҳиши касе вобаста набошад;
- гуфтугӯи тамаддунҳо ва фарҳангҳо тавассути гуфтугӯи байни намояндагони ин тамаддуну фарҳангҳо сурат гирифта, аз омилҳои ҷуғрофиёиву таърихӣ вобаста набошад.
Гуфтугӯи тамаддунҳо набояд аз тариқи зӯргӯӣ, таҳмили ҷаҳонбинӣ, фишороварию ваҳмандозӣ анҷом ёбад. Гуфтугӯи тамаддунҳо ҷаҳони бисёрқутбаро пешниҳод карда, тағйироти умумиҷаҳониро ба самти ҷаҳонишавие намепазирад, ки фарҳангҳои миллиро фурӯ бурда, ба як фарҳангу тамаддуни ҳоким хидмат мекунад. Гуфтугӯи тамаддунҳо ягона роҳи солиму имконпазир ва дар айни замон фишанги мураккабу зарурии нигоҳдории сулҳу суботи сайёра мебошад, ки ташаккули амсилаи комилу солими муносибатҳои байналмилалиро таъмин карда, муносибатҳои яктарафаи гуфтугӯро дар сиёсат, дин ва фарҳанг истисно менамояд. Тамоюл ба ҷаҳонишавӣ бояд бисёрқутба ва серҷониба будани ҷаҳонро дар заминаи эҷоди ахлоқу маънавиёти наву солим, ҳуқуқҳои нави коллективӣ, ниҳодҳову қонунҳои байналмилалӣ, таҳкими истиқлол ва ҳукумати халқи ҳамаи давлатҳо, баланд бардоштани масъулиятшиносии онҳо дар масоили байналмилалӣ дар мадди назар дорад. Инсоният ҳамеша ба гуфтугӯи созандаи доимии тамаддунҳо ниёз дорад, то ҳама гуна зуҳуроти террористию экстремистиро аз байн барад. Барои бартарафсозии ин зуҳуроти номатлуб шинохти бештару бисёрҷонибаи динҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳои гуногуни Шарқу Ғарб дар сатҳи ҷаҳонӣ зарур аст.
Дар садаи XX бахусус назарияҳои Тойнби, Хантингтон ва С. Хотамӣ имрӯз дар ҷараёни рушду такомул ва тағйирёбии тамаддунҳо нақши асосӣ доранд. Назарияи Тойнби ин аст, ки дар замони имрӯза хусусияти асосии рушди тамаддунҳо дар ҷараёни «табодули муштараки тамаддунҳо сурат мегирад, ки дар он нақши бунёдиро ҳуҷуми Ғарб ва зарбаҳои ҷавобии ҷаҳони боқимонда» ташкил медиҳад.
Тойнби панҷ марҳала (пайдоиш, рушд, завол, ғуруб ва фано) ва 3 навъи тамаддунҳо нишон додааст:
- тамаддунҳои рушдёфта;
- тамаддунҳои рушднаёфта;
- тамаддунҳои матрук.
Соли 1993 Хантингтон мақолае бо номи «Бархӯрди тамаддунҳо?» нашр кард, ки дар он чунин ақидаи ӯ баён шудааст:
«Дар ҷаҳоне, ки акнун сурат мегирад (ҷаҳони баъди шикасти шӯравӣ), маншаи асосии моҷароҳо дигар идеология ва иқтисодиёт нестанд. Муҳимтарин марзҳое, ки инсониятро ҷудо мекунанд ва сарчашмаи моҷароҳои бузург мешаванд, фарҳанг аст. Дар фаъолияти байни миллатҳо қаҳрамони асосӣ давлатҳои миллӣ мешаванд, аммо моҷароҳои нисбатан муҳимтари сиёсати глобалӣ миёни миллатҳо ва қавмҳо сурат мегирад, ки аз тамаддунҳои гуногун иборатанд. Бархӯрди тамаддунҳо омили ҳалкунандаи сиёсати ҷаҳонӣ мешавад. Хатти шикаст байни тамаддунҳо ҳамон хатти сангари ҷабҳаҳои оянда хоҳад буд. Фарқияти байни тамаддунҳо на танҳо воқеӣ, балки ҳалкунанда ҳам ҳаст». Ҷаҳон тангтар гашта, бархӯрдҳо шадидтар мешаванд, ки ин ба рушду равнақи тамаддунҳо, дарки аниқтари фарқияти тамаддунҳо дар доираи тамаддуни умумӣ меорад. Раванди модернизатсияи иқтисодӣ ва тағйироти иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳон худшиносии анъанавии одамонро, ки бо зодгоҳашон пайванд дорад, заиф ва дар айни замон нақши миллат-давлатро ҳамчун заминаи худшиносӣ суст мекунад.— Хантингтон «Бархӯрди тамаддунҳо?»
Ҳукмронии Ғарб худшиносии тамаддуниро дар ҳамон давлатҳои ғайриғарбӣ қавӣ мегардонад, ки барои ба ҷаҳон чеҳраи ғайриғарбӣ бахшидан ғайрат, ирода ва захираҳои кофӣ доранд. Азбаски хосиятҳои фарҳангӣ аз хосиятҳои иқтисодию сиёсӣ устувортаранд, имконияти созиш мураккабтар мешавад. Дар ин раванд нақши махсусро омилҳои миллӣ-этникӣ ва аз ин ҳам бештар омилҳои динӣ мебозанд. Ягонагии фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба иқтисоди минтақавӣ ва интегратсияи иқтисодӣ дар доираи як фарҳангу тамаддун меорад.
Ба ақидаи Хантингтон, дар ҷаҳони имрӯза тамаддунҳои зерин вуҷуд доранд:
- ғарбӣ,
- конфусионӣ,
- ҷопонӣ,
- исломӣ,
- ҳиндуӣ,
- православӣ-славянӣ,
- лотинӣ-амрикоӣ,
- эҳтимолан африқоӣ.
Бархӯрди глобалӣ миёни тамаддунҳои ғарбӣ ва конфусионию исломӣ сурат мегирад. Роҳи пешгирии бархӯрди тамаддунҳоро Хантингтон дар бунёди низоми бисёрқутба ва сертамаддун медонад.
Ба ақидаи С. Хотамӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо барои аз байн бурдани сӯитафоҳум мусоидат намуда, баҳри истиқрори сулҳу субот ва ҳамзистии осоиштаи тамаддунҳои гуногун шароит фароҳам меорад. Ақидаи С. Хотамӣ аз он нуқтаи назар, ки гуфтугӯи тамаддунҳо гиреҳи андешаҳоро аз бархӯрди тамаддунҳо боз мекунад, баҳои баланд гирифт. Мавқеи якдилиро ишғол кардани қудратҳои рӯ ба тараққӣ, дар баробари низомҳои ҳарбӣ ба воситаи гуфтушунид, коркарди мавқеъгирии ягонаи фаъол, муҳайё кардани фазои демократӣ дар ҷараёни гуфтушунид барои ҳалли масъалаҳои доғ дар гуфтугӯҳои дуҷониба, бисёрҷониба, минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ зарур аст.
Соли 2002 созмони ғайриҳукуматии Форуми Ҷамъиятии Ҷаҳонӣ «Гуфтугӯи тамаддунҳо» таъсис дода шуд, ки шабакаи ягонаи ҷамъиятии олимону зиёиён, сиёсатмадорону корчаллонҳо, арбоби санъату фарҳангро муттаҳид сохт. Фаъолияти Форум ба коркард, рушду паҳнсозии фарҳанги гуфтугӯ, воридсозии рӯҳи ҳамкорӣ ва тафоҳум дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамони дорои тамаддунҳои мухталиф равона гардидааст. Форум мукофоти байналмилалии «Гуфтугӯи тамаддунҳо»-ро таъсис додааст. Бо ин мукофот ходимони намоёни илму сиёсат ва фарҳанг, ки дар фаъолияти худ аз ғояҳои адолату ваҳдат кор мегиранд ва онҳое сарфароз гардонида мешаванд, ки дар таҳкими сулҳу субот ва ризояти халқу миллатҳои олам саҳми пурарзиш гузоштаанд.
Гуфтугӯи тамаддунҳо ҳамчун мавқеъгирии байни «бархӯрди тамаддунҳо» ва назарияи «хатми таърих»-и Фукуяма низ матраҳ мегардад. Дар марҳалаи имрӯзаи ҷустуҷӯҳо ва коркарди назарияҳои ҳалли ихтилофи тамаддунҳо мутафаккири итолиёӣ Ф. Петито низ саҳм дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фукуяма Ф. Конец истории?/ Вопросы философии. 1990, №3;
- Хантингтон С. Столкновение цивилизаций?/ Полисоли 1994, №1;
- Хатами М. В человеке сосредоточены душа Востока и разум Запада/ Сборник статей и выступлений. М., 2001;
- Хатами М. Ислам, диалог и гражданское общество. 2001;
- Тойнби А. Дж. Мир и Запад. М., 2003;
- Хатами М. Цивилизация перед судом истории. М., 2003.
- Петито Ф. Диалог цивилизаций как предмет для глобальных политических дискуссий: некоторые теоретические размышления/ Диалог цивилизаций и международные отношения в условиях глобализации: Москва. – Нижний Новгород – Бейрут, 2008;
- دانشنامۀ دانش گستر. جلد ١٤. تهران، ١٣٨٩ ه. ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гуфтугӯи тамаддунҳо / Н. Яздонӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.