Гӯри Амир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Мақбараи Гӯри Амир 2015
Мақбараи Гӯри Амир

Гӯри-Ами́р ("Гӯри Мир") – ёдгории асримиёнагии Осиёи Марказӣ, мақбараи асосгузори давлати Темуриён Темурланг. Ин оромгоҳи Темур ва меросхурони империяи Темуриён, дар қисми ҷанубӣ-шарқии шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст.

Таърих[вироиш]

Ёдгорӣ соли 1404 аз ҷониби соҳибқирон Амир Темур барои набераи дӯстдоштааш Муҳаммад Султон сохта шудааст. Сохтмони Мақбара, баъди марги нобаҳангоми Султон Муҳаммад, меросхӯри Темурланг ва набераи дӯстдоштаи ӯ, соли 1403 оғоз гардида буд. Сохтмони мақбараро набераи дигари Темурланг, Улуғбек ба охир расонид. Дар вақти ҳукмронии Темур, мақбара ба оромгоҳи сулолаи Темуриён табдил гашт. Дар ин ҷо кабрҳои: Амир Темур, Мирзо Улуғбек, Муҳаммад Султон, Саид Умар, Шоҳрух Мирзо, Мироншоҳ, Абдулло Мирзо, Абдураҳмон Мирзо ҷойгиранд. Ҳато устоди Темур Мир Саид Барака низ дар ҳаминҷо гуронида шудааст.

Мақбараи Гӯри Амир[вироиш]

Мақбараи Гӯри Амир солҳои зиёд, баъди темуриён бетаъмир буд. Дар атрофи он ханву ҳавлиҳои зиёде сохта шуда буданд. Девори он бо сангҳои майда-майдаи сафеду кабуди баланд оро дода шудаанд ва дар нурҳои офтоб ҷило медиҳад. Корҳои реставратсиони соли 1967 оғоз гардида буданд. Дар даруни мақбара санги сари қабрии Темурланг воқеъ аст, ки худи оромгоҳ аз санги мармар ва оникс сохта шуда, қиcми болоии он аз санги яклухти нефрит сохта шудааст. Қабри асоси бошад дар қисми поёнии мақбара ҷойгир шудааст.

Порчае аз навиштаҷоити рӯзномаи "Овози Самарқанд"[вироиш]

"Дар даромадгоҳ навиштаҷоти «Мақбараи Амир Темур. Асрҳои XIV-XV» акс шудааст. Дар тарафи рост деги калони сангӣ ба назар мерасад. Он чуқурчаҳои зиёд дорад. Гуё он изи оринҷи даст бошад. Ривояте ҳаст, ин деги калонро аз оби анор пур мекарданд ва ба он чуқурчаҳо меандохтанд. Пеш аз ҳар юриш аскарон қатрае аз оби пиёлачаҳо менӯшиданд. Занҳо пешгӯӣ мекарданд, ки агар оби анори пиёлачаҳо як хел истад, онҳо бо ғалаба бармегарданд. Оби кадом пиёлачае кам шавад , бо нӯшандаи он бадбахтӣ рух додаст. Гунбад андаруни гунбад. Нақшҳо хеле зебову назаррабо. Ин дарро соли 1424 Мирзо Улуғбек созонидааст. Ин ҷо бо хати форсӣ навиштаҷот дорад. Навиштаҷоти дарро мехонем: «Оқибат-бахайр» Аз роҳрави чоргумбада гузашта китобу суратҳоро, ки аз ҳаёти Амир Темур ва дар бораи давлатдории ӯ ҳикоя мекунанд. Дар ҳуҷраи дигар нӯҳ қабр - Амир Темур, Мирзо Улуғбек, Муҳаммад Султон, Мир Саид Барака, Саид Умар, Шоҳрух Мирзо, Мироншоҳ, Абдулло Мирзо, Абдураҳмон Мирзо дафн шудаанд. Дар қисми рости қабр ба кӣ мансуб будани он зикр гардидааст. Қабрҳои ҳақиқӣ панҷ метр поён ҷойгир аст, Аз поён то гумбад 36-метр гӯрхона, хилхона ва ду гунбади пайдарпай ҷойгир. Аввал дари гӯрхона аз ҷониби рост буд. Баъдтар Мирзо Улуғбек дарро аз паҳлӯ кушод. Яъне, ҳурмати устодашро ба ҷо овард. Ба шарофати Мир Саид Барака ин мақбараро Гӯри Мир меномиданд... Болои мақбара қандили бузурги 250-килоӣ, ки 65 чароғак дорад, овезон аст. Дар девор оятҳо аз Қуръони Карим бо ҳарфҳои заррин зикр гардидааст, ҳамаи навиштаҷоти деворҳоро бо оби тилло навиштаанд. Дар арафаи ҷашни 2750 - солагии Самарқанд мақбараи Амир Темур аз нав таъмир гашт. Барои барқарор намудани навиштаҷоти деворҳо 4 кило тилло сарф шуд. Диққати моро чӯби дарозе, ки дар кунҷи мақбара меистоду болояш ёли асп овезон буд, ба худ ҷалб кард. Инро туғ мегӯянд, – Он байрақи давлати темуриён ба шумор мерафт. Агар дар мақбарае чунин туғ бошад, нишони қабри шайх аст. Ба шарофати шайх Умар Барака ин туғро ин ҷо гузоштаанд."[1]


Мақбараи Гӯри-Амир яке аз ҷойҳои намоёнро дар таърихи архитектураи исломи ишғол намудааст. Мақбараҳои Хамейун дар Деҳли ва мақбараи Тоҷ-Маҳал дар Акра дар пайравии Гӯри –Амир сохта шудаанд, ки аз тарафи авлоди Темур, ки дар он вақтҳо дар қисми шимолии Ҳиндустон ҳукмрони мекарданд сохта шудаанд.

Қиссаҳо[вироиш]

Соли 1941 археологҳои cоветӣ кабри Амирро кушоданд. Ҳайкалтарош – антрополог М. Герасимов тавонист шакли рӯи Темурро аз боқимондаҳои устахони сари Темурланг созад, ва маълумот оид ба қади азимҷусаи Темурланг рост баромад, қади ӯ 180 см буд, rи барои он давра ин хеле қади баланд буд. Чунин ақида ҳаст, ки баъди кушодани гури Амир Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз. Дар болои санги қабри Амир чунин навистаҷот вуҷуд дорад: «Ҳар касе, ки ба оромии ман дар ин дунё ва ё дар дунёи дигар халал расонад, ӯ ба нобарориҳо дучор мегардад.»

Пайвандҳо[вироиш]

  1. http://ovozisamarqandnews.uz/data/documents/2014-no16-2.pdf Сайри таърих «Овози Самарканд» 17 апрели соли 2014, панҷшанбе, №16 (2368)