Jump to content

Куштӣ (варзиш)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гӯштингирӣ)

Куштӣ (форсӣ: کشتی‎ [koštī] < порсии миёна: kustīg «камарбанд» < порсии миёна: kust «паҳлӯ; сӯ; канор; бар»[1][2]) ё куштигирӣ — гунае варзиш, зӯрозмоии ду паҳлавон, ки аз камарбанди якдигар гиранду кӯшиш кунанд ҳамдигаррро ба пушт бар замин бизананд[3].

Эҳтимолан дар даврони Пешдодҳo дар ҷангҳои танбатани тоҷикон ин навъи варзиш пайдо шудааст.[4][5][6]

Куштӣ яке аз қадимитарин ва фарогиртарин варзишҳои ҷаҳон аст ва эҳтимолан дар даврони пешини таърих бо тағйири шакл дар ҷангҳои танбатан ва ҷойгузин кардани марг ё садамоти шадид бо як пирӯзии намодин эҷод шудааст. Шоҳидҳои бисёре аз ҳузури куштӣ дар тамоми тамаддунҳои оғозини башарӣ вуҷуд дорад.

Албатта аввалин бор дар Юнони Бостон ба як варзиши воқеӣ табдил ва дар соли 704 то мелод вориди бозиҳои олимпӣ шуд. Дар бозиҳои олимпии бостон қаҳрамони куштигирӣ пас аз қаҳрамони партоби диск муҳиммтарин паҳлавони Юнон шумурда мешуд.

Номи ин варзиш аз кустӣ ё куштӣ ном камарбанде гирифта шуда, ки порсиён ва зартуштиён ҳангоми ғуруби офтоб ба камари худ мебистанд ва дар баробари оташдон ба дуо хондан мепардохтанд. Куштӣ гирифтан ба маънии камари якдигарро гирифтан аст. Асли он дар забони паҳлавӣ «кустик» ва дар забон форсии дарӣ «куштӣ» хонда мешавад.

  1. Paul Horn. Grundriss der Neupersischen Etymologie. Strassburg, 1893. S.190
  2. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2187; 2198.
  3. Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2011. — Т. 4 (i—k). — С. 412. — 416 с. — 800 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 978-5-02-036478-3. (в пер.)
  4. «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Словари и энциклопедии на Академике). Санҷида шуд 2018-04-29.
  5. Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.
  6. «Таджикско-русский словарь» (Словари и энциклопедии на Академике). Санҷида шуд 2018-04-29.