Дабири Ҳисорӣ
Зоҳир
Дабири Ҳисорӣ (форсӣ: دبیر حصاری; қарни XVIII — қарни XIX) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш дар манбаъҳои адабӣ оварда нашудааст. Аз ӯ чун шоири боистеъдоди тавоно ва хушбаён ёд кардаанд. Шеърҳояш хушоҳангу равон, забонаш сода аст. Баъзе ғазалҳояш ба «Шашмақом» ворид шудаанд. Абёти зер намунае аз ашъори ӯст:
... Ҳайрони ҷамолат шуда оина ба сад раҳ, чун мардуми дида,
Ҳангоми назора ҳама тан маҳви нигоҳат, ҳайратзада яксар.
Минову маю мутрибу соқӣ шуда бехуд дар базми висолат
В-аз рамзу адои нигаҳи чашми сиёҳат саршор чу соғар.
Зоеъ манамо хуни сиришкам ба фидоят, к-аз чашм бирезад
Ҳамроҳи дилу дида ба хоки сари роҳат, чун тифл бипарвар.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дабири Ҳисорӣ / М. Диловаров // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Абибов А. Аз ганҷинаи адабии Ҳисор. Д., 1995.