Давлати дунявӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Давлати дунявӣ — мазмуни асосии он муносибати давлат ба дин мебошад.

Аз ин лиҳоз, дар Конститутсия муқаррар шудааст, ки «ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Ҳеч як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлати эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд» (моддаи 8). Чунин хусусияти давлат бо моҳияти демократии он алоқаманд буда, ба манфиати тамоми мардум амал карданро ифода менамояд. Аммо ҷудо эълон кардани ташкилотҳои динӣ аз давлат мазмуни инкори ҳамкории онҳоро надорад. Диндорон аз ҳаёти сиёсӣ дур карда намешаванд. Ҳама шаҳрвандон сарфи назар аз эътиқоди динӣ баробар ҳуқуқ буда, Конститутсия ба онҳо ҳуқуқу озодиҳои баробарро кафолат медиҳад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро ба озодии виҷдон кафолат медиҳад, ки бо хусусияти дунявӣ доштани давлат алоқаманд аст. Дар Конститутсия муқаррар шудааст, ки ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд (м. 26).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]